Ғафур Мулло (1922-1992) яке аз шоирони сермаҳсул ва камшинохтаи ҳавзаи адабии Хатлон дар солҳои 40-90-уми асри XX ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳанӯз аз даврони таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1937-1940) ба шеъру шоирӣ мепардозад. Маҳз аз ҳамин давра шеъру мақолаҳои ӯ тавассути рӯзномаҳои даврӣ ба чоп мерасанд.
Яке аз давраҳои фаъолияти кории Ғафур Мулло аз соли 1956 то соли 1968 дар ноҳияҳои Москва (ҳоло ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ва ноҳияи Фархори кунунӣ гузаштааст. Шоир дар ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор аз кори муаллимӣ сар карда, то ба дараҷаи роҳбари мактабҳо шуда кор кардааст. Ғафур Мулло дар баробари пешаи омӯзгорӣ дар ин навоҳӣ муҳарририи рӯзномаи «Ҳаёти қишлоқ»-и ноҳияи Фархорро низ бар зимма доштааст. Ҳамчунин Ғафур Мулло соли 1965 бо дархости раҳбарони ҳамонвақтаи ноҳияи Ҳамадонӣ аввалин сармуҳаррири рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Ҳамадонӣ шуда кор кардааст. Вале фаъолияти кории Ғафур Мулло дар ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор хуб намегузарад. Баъзе аз роҳбарони ҳасуду туҳматпеша аз назари рӯзноманигори ҳақиқатнигор дур монда наметавонистанд ва аз ин рафтори ӯ меҳаросиданд. Махсусан, шоир ҳангоми роҳбарӣ дар мактабҳои ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор ва даврони сармуҳарририи рӯзномаҳои ноҳияи Фархор – «Ҳаёти қишлоқ» ва ноҳияи Ҳамадонӣ – «Зафар»-ро бар уҳда доштан, зидди муаллимони бесаводу роҳбарони ҳасуду тамаъҷӯ мубориза мебурд, то ин ки онҳо аз камбудиҳои худ даст кашида, ба халқу миллат хидмати софдилона намоянд. Аммо онҳо аз куҷо ин ниятро доштанд, балки баҳри ҳимояи худ пайте меҷустанд, ки ҳарчи зудтар аз ҳақиқатгӯйиву ҳақиқатнигории ин рӯзноманигорӣ оташинсухану нотарс халос шаванд.
Дар ҳамон рӯзҳои сангину ҳассос низ шоир худро руҳафтодаву тарсу нишон надода, тавассути фелетону мақолаҳои интиқодиаш ва шеърҳои обдору нишонраси худ то охир бар зидди душманонаш мубориза мебурд:
Шуҳратталабон, чаро ба ман санг занед?
Бар домани поки ман чаро чанг занед?
Фардо чу садаф маро зи дарё ҷӯянд,
Чун доси шикастае шумо занг занед!.
Ҳарчанд ки душманони шоир то ҷое ба мақсадҳои нопоки худ расида бошанд ҳам, вале ӯро на бадном карда ва на шеъри ӯро аз забони мардум дур карда тавонистанд.
Вале ҳар нокомие, ки пеши роҳи шоир меомад, ӯ онҳоро бо иродаи қавию матонати писандида паси сар карда, баҳри расидан ба хушбахтиҳои ҳаёт мубориза мебурд ва ноумед нашуда, худро ҳамеша бо бо мақолаҳои ҳадафрас ва ашъори дилангезаш тасалло медод:
Ҳар ҷо, ки гул аст, неши хор аст он ҷо,
Дар беша, ки сайд аст, шикор аст он ҷо.
Ҳар гаҳ ки ба боғ сангборон бинӣ,
Медон, ки нахли мевадор аст он ҷо.
Чун шоиру рӯзноманигор эътироф шудани Ғафур Мулло на танҳо дар музофотҳои Кӯлобу Вахшонзамин, балки дар маркази ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе низ зарур буд. Танҳо меҳнату заҳматҳои пайвастаи эҷодӣ ва фаъолияти ҷидии корӣ дар муассисаҳои ҳизбию сиёсӣ, мактабу маориф, рӯзномаҳои даврӣ Ғафур Муллоро ҳамчун омӯзгору рӯзноманигор ва пеш аз ҳама, ҳамчун шоир муаррифӣ намуд. Дар ин замина алоқамандии эҷодии ӯ бо адибони шинохтаи кишвар оғоз меёбад.
Дар ин хусус Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар дар пешгуфтори аввалин маҷмуаи шеърҳои шоир «Шадда» (1987) чунин қайд намудааст: «Ғафур Мулло. Ин ном кайҳо ба хонанда шинос аст. Соли 1946, яъне баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), дар саҳифаҳои рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» тоқа-тоқа шеърҳои Ғафур Мулло пайдо шуданд, ки онҳоро ҳавасмандони назм мутолиа карда, муаллифро пурсуҷӯ менамуданд. Дар ин солҳо Ғафур Мулло доништалаби Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб ҳисоб меёфт. Шеърҳои ондавраи шоир шогирдона буданд».
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки фаъолияти эҷодии Ғафур Мулло аз даврони донишҷӯӣ, махсусан баъд аз ғалабаи мардуми шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) оғоз ёфта, дар ин даврон шоир бо руҳу илҳоми тоза ба шеъру шоирӣ ва фаъолияти рӯзноманигорӣ мепардозад. Ҳарчанд сарраввал шеърҳои шоир шогирдона иншо шуда бошанд ҳам, онҳо рӯз то рӯз такмил ёфта, пухтаву суфта мегардиданд. Ана, ҳамин заҳмату талошҳои мунтазами эҷодии шоир боис мегардад, ки тадриҷан мазмуну муҳтаво ва мавзую мундариҷаи ашъори ӯ мақбули табъу завқи хонандагону суханшиносон ва овозхонону оҳангсозон мегардад: «Ҳанӯз соли 1961 шеъри «Норак чароғон мешавад»-и ӯ (Ғафур Мулло – М.Р.) дар матбуоти даврӣ дарҷ гардида, дар ҳудуди ҳамон солҳо аз тарафи Ҳофизи мардумӣ Одина Ҳошимов тавассути радио ва телевизион садо медод».
Ҳамин завқу салиқаи баланди эҷодии шоир буд, ки шеърҳояш сарсатри рӯзномаю маҷалла ва маҷмуаҳои дастаҷамъӣ гардиданд.
Рӯз то рӯз фаъолияти эҷодии шоир ба пешравию муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардида, эътибору нуфузи ӯ дар миёни хонанда ва аҳли адаб меафзуд.
Қобили зикр аст, ки Ғафур Муллоро на танҳо ҳамчун шоир мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд, балки ҳамчун рӯзноманигору омӯзгор низ эътироф менамуданд. Мавсуф солҳои 1965-1968 аввалин сармуҳаррири рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Москва шуда кор кардааст ва инчунин як давраи муайян дар рӯзномаҳои даврии «Ҳаёти қишлоқ»-и ноҳияи Фархор, «Вахш»-и ноҳияи Вахш ва «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Коммунистӣ (рӯзномаи «Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониёни имрӯза) ба ҳайси рӯзноманигор кор кардааст. Ғафур Мулло солҳо дар идораи рӯзномаҳои даврӣ ҳамчун рӯзноманигор ва ходими бахши адабии рӯзномаҳо кор карда, дар ин давра як қатор мақолаҳои публитсистӣ низ иншо намудааст.
Яке аз ҳамин мақолаҳои ӯ «Суханвари номдор» унвон дошта, ба муносибати 90-солагии яке аз симоҳои барҷастаи назми муосири ӯзбек – Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ 28-уми сентябри соли 1979 дар рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш ба чоп расидааст. Дар мақолаи мазкур Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ яке аз шоирони инқилобӣ, драматург, оҳангсоз, ношир ва публитсист, асосгузори реализми сотсиалистӣ дар адабиёти ӯзбек эътироф шудааст: «Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар равнақи адабиёти миллии тоҷик низ саҳми босазо гузошта, шеърҳои аввалини худро бо забони тоҷикӣ иншо намудааст».
Мақолаи дигари Ғафур Мулло бо номи «Забони миллат модари миллат аст» дар ҳаҷми 7 саҳифаи қаламӣ аз бойгонии шоир дастраси мо гардид ва шояд ин мақола тавассути рӯзномаҳои даврӣ ба чоп расида бошад, вале мо ҳини таҳқиқ онро дастрас карда натавонистем. Дар мақола доир ба қабули аввалин Қонуни Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи забон» сухан меравад, чунки дар ҳамин давра лоиҳаи қонуни мазкур мавриди муҳокимаи мардум, бахусус аҳли зиёи кишвар қарор гирифта буд.
Ғафур Мулло чун шоиру рӯзноманигор дар пешрафту таҳкими рӯзномаҳои даврӣ, ки дар назди онҳо маҳфилҳои адабӣ баргузор мегардид, саҳми назаррас гузоштааст.
Аввалин маҳфили адабӣ бо унвони «Адибони ҷавон» дар ноҳияи Вахш дар солҳои сиюми асри гузашта дар назди рӯзномаи «Вахшстрой» (баъдан бо номи «Сохтмони зарбдори Вахш») бо дастгирию роҳбарии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ташкил шуда буд.
Бояд зикр кард, ки фаъолияти маҳфилҳои адабӣ дар Вахшонзамин баъд аз солҳои 30-юм то солҳои 70-уми асри гузашта ягон маводу сарчашмаи даркорӣ маҳфуз намондааст, ки роҷеъ ба ин масъала маълумоти зарурӣ диҳад.
Ҳамин аст, ки аз солҳои 70-ум сар карда, боз баҳамоии адибони Вахшонзамин ва ҷамъомаду маҳфилҳои адабӣ дар ин минтақа оғоз мегардад. Дар назди рӯзномаи «Навиди Вахш»-и ноҳияи Вахш маҳфили адабии «Рангинкамон» ташкил карда мешавад, ки роҳбарии онро шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Пиримқул Сатторӣ ба уҳда мегирад. Исроил Иброҳимов, Ғафур Мулло, Мустафо Набӣ, Сафар Амирхон, Ҷумъабек Эҳсонов, Усмон Билолӣ, Муқимҷон Мухторов, Ҳотам Ҳоҷиев, Мирзо Восеъ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Гулҷаҳон Ҳалимова, Бегиҷон Умарзода, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон аъзои ин маҳфил буданд. Аъзои маҳфил рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар назди идораи рӯзномаи «Вахш» -и ноҳияи Вахш ҷамъ меомаданд. Маҳфил зери роҳбарии ду тан аз шоирони сермаҳсулу боистеъдод ва рӯзноманигорони хушсалиқа – Пиримқул Сатторӣ ва Ғафур Мулло пеш мерафт.
Маҳфил бо як тарзи хосса идома ёфта, рӯз то рӯз осори тозаэҷоди навқаламон гуногунранг гардида, намунаҳо аз осори онҳо тавассути рӯзномаи «Навиди Вахш» ба чоп мерасиданд. Инчунин, осори аҳли маҳфил дар дигар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба чоп расида, ҳамин тавр обрӯю эътибори маҳфил дар назди хонанда боло мерафт. Узвияти маҳфил мувофиқи завқу салиқаи худ дар жанрҳои гуногуни адабӣ: яке ашъори бачагона, дигаре ҳикояву афсона ва шеъру ҳаҷвияҳои гуногунранг иншо намуда, тавассути рӯзномаҳои даврӣ дастраси хонанда мегардониданд.
Охири солҳои 70-уми асри гузашта дар Вахшонзамин рӯзномаи вилоятӣ – «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (рӯзномаи вилоятии «Хатлон»-и имрӯза) таъсис ёфта, Пиримқул Сатторӣ барои кор ба ҳамин рӯзнома даъват карда мешавад. Баъдан, аз соли 1980 то 1982, роҳбарии маҳфили «Рангинкамон»-ро нависанда Исроил Иброҳимов бар зиммаи худ мегирад. Кору фаъолияти маҳфил бомаром пеш мерафт, чунки дар он солҳо кори онро ду марди оқилу тавоно яке адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Исроил Иброҳимов, дигаре шоир ва рӯзноманигор Ғафур Мулло пеш мебурданд. Аъзои маҳфил дар он солҳо Ғафур Мулло, Зариф Ибод, Муқимҷон Мухторов (Ҷавлон), Давлатшоҳи Мирзода, Исматуллои Файзулло, Сотим Саидмуминов, Сафар Амирхон, Усмон Тӯйчиев (Билолӣ), Муҳаммадалии Аҷамӣ, Муҳаммадалии Сиёвуш, Зайниддини Ҷомӣ, Саидҷаъфар Баёзӣ, Ҳотам Ҳоҷиев ва дигарон буданд. Осори нави аҳли маҳфил мунтазам тавассути рӯзномаҳои даврӣ рӯйи чопро дида, пешкаши хонанда мегардиданд.
Ҳамин тавр, маҳфили «Рангинкамон» аз соли 1970 то соли 1982 амал карда, баҳри ташаккулу пешрафти фарҳангу адаби Вахшонзамин, махсусан ба майдони эҷод кашидани чандин навқаламони ин минтақа саҳми бориз гузоштааст.
Соли 1982 рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Коммунистӣ (рӯзномаи «Кӯшониён»-и ноҳияи Кӯшониёни имрӯза) таъсис дода мешавад. Дар ин давра низ аҳли адаби ноҳияҳои Вахшу Бохтар (ноҳияи Кӯшониёни кунунӣ) дар назди идораи рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ» (рӯзномаи «Кӯшониён»-и имрӯза) маҳфили адабии «Шабнам»-ро ташкил медиҳанд. Роҳбарии маҳфилро дар он давра ду марди донишманд: нависанда Исроил Иброҳимов ва шоир Ғафур Мулло бар зиммаи худ мегиранд. Маҳфили «Шабнам» дар солҳои 90-уми асри гузашта яке аз маҳфилҳои шинохта дар минтақаи Вахшонзамин ба ҳисоб рафта, аъзои он Исроил Иброҳимов, Ғафур Мулло ва навқаламон Сафар Амирхон, Усмон Билолӣ, Амиршоҳи Хатлонӣ ва дигарон буданд.
Баъзе порчаҳои осори навқаламон мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор гирифта, бо тавсияи ҳамдигар ислоҳ карда шуда, ба як қолаби муайян дароварда мешуд. Чакидаҳои хомаи аҳли маҳфил зери назари махсуси ходими адабии рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ» устод Ғафур Мулло дар «Саҳифаи адабӣ» ё «Рӯзи истироҳат»-и рӯзномаи «Кӯшониён»-и имрӯза ба чоп расида, пешкаши хонанда мегардид.
Ҳамин аст, ки нависанда Исроил Иброҳимов ба фаъолияти корию эҷодии Ғафур Мулло ва хидматҳои шоёни ӯ дар пешрафту таҳкими рӯзномаҳои даврӣ ва маҳфили адабии «Шабнам» баҳои баланд дода, чунин гуфтааст: «Ғафур Мулло солҳо дар рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ» ба сифати ходими адабӣ кор ва эҷод намуда, барои ба камол расонидани қаламкашони ҷавон заҳмати зиёде кашидааст».
Маҳсули эҷоди аҳли маҳфил пайваста саҳифаҳои рӯзномаҳои «Байрақи дӯстӣ», «Навиди Вахш» ва «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳоло рӯзномаи «Хатлон»)-ро рангу ҷилои хосса бахшида, ба ин васила пешкаши хонанда мегардидааст.
Маҳфили адабии «Шабнам» аз соли 1982 то соли 1992 фаъолият намуда, дар ин муддат роҳбарии маҳфилро шоир ва рӯзноманигор устод Ғафур Мулло ба уҳда доштааст. Баъди вафоти устоди зиндаёд Ғафур Мулло (соли 1992) роҳбарии маҳфилро аз соли 1992 то соли 2000-ум дубора адиб Исроил Иброҳимов бар уҳдаи худ мегирад. Аз соли 1998 ба ҷойи маҳфили «Шабнам» маҳфили «Дидор» ташкил карда мешавад. Дар ин давра ҳам фаъолияти маҳфил боло рафта, аъзои он ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегарданд ва ҳамвора маҳсули эҷоди онҳо сарсатри рӯзномаҳои давриро ишғол менамуд.
Хулоса, номи Ғафур Мулло чун шоиру рӯзноманигори ҳақиқатгуфтор зиндаю ҷовид ва хидматҳои шоёни ӯ чи дар соҳаи маориф, чи дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва чи дар ҷодаи таълифу эҷод назаррасу хотирмон хоҳад монд. Хусусан, ашъори рангину марғуби шоир хонандаро ба омӯзиши илму ҳунар, дӯстию бародарӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад.
М. Раҳмонов,
С.Қараев,
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Бознашр аз конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо»