– зери ин унвон имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинар- машварат баргузор гардид.
Семинар – машварат бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.
Дар ҷамъомад Тоҳир Холиқов, директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ”, Соатулло Шарифов, сармутахассис-коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар мавзуи “Ихтироъ, мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он” ва Ҳусейн Сафаралиев, ходими калони илмии Раёсати иттилооти илмию техникӣ ва патентии Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” дар мавзуи “Тартиби гузаронидани ҷустуҷӯи мавзуӣ-иттилоотӣ” баромад намуданд.


