Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии футбол даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ аз рўи намудҳои футболи хурд, тениси рўи миз ва шоҳмот байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ дастаи футболи хурди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав макоми сеюмро касб намуданд.
Дар байни бонувон дастаи тенизбозон- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мақоми дуввум.
Дар байни дастаи шоҳмотбозон- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мақоми сеюмро касб намуданд.
Ғолибони даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ бо ҷоиза ва тўҳфаҳои молиявӣ ва хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.



