Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъиро 29 – уми сентябр соли 2022 қабул кардааст. Ин Стратегия то соли 2040 – ро дар бар мегирад ва масъули иҷроиши он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад. Коршиносони соҳа аз ин иқдоми Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ намуда, бовар доранд, ки акнун Тоҷикистон қадами асосиро ҷиҳати рушди рақамикунонии иқтисод мегузорад.
Дар доираи стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Точикистон аллакай кор оид ба ҷорӣ намудани технологияхои нав ба системаи таълимӣ огоз шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2025 дар 10 мактаби кишвар дарсҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ дар ҳолати озмоишӣ оғоз мешаванд.
Дар чанд садсолаи охир рушди илм ба ташаккулии технологияҳои гуногун замина фароҳам овардааст. Дар ин қарина бо истифода аз технологияҳои муосир коркарди иттилооот, тавлидоти ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфтанд. Ҳамзамон технологияҳои муосир барои суръат бахшидан ба рушди давлатҳо мусоидат менамояд. Маҳз чунин раванд шароит фароҳам овард то инсонҳо таввасути технологияҳои муосир ба илму афкори донишмандони асрҳои пеш дастрасӣ пайдо намуда, ҳамзамон дар заминаи таҳлилу баррасӣ онҳоро такмил ва коркард намоянд. Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳое медиҳад, ки қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд онҳоро иҷро кунанд. Ба ин вазифаҳо шомиланд: шинохтани садо, акс, матн, қабули қарорҳо ва ҳатто пешгӯии рӯйдодҳо. Ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ ин ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои “фикр кардан” ва “омӯхтан” аст. Аслан, зеҳни сунъӣ ба кам кардани истифодви қувваи меҳнат тавассути технология оварда мерасонад. Яъне, меҳнат ҳамчун раванд бештар тавассути технологияи рақамӣ ва компютер идора ва амалӣ мегардад.
Истифода аз неруи зеҳнии олимону пажуҳишгарон ҳамеша натиҷаи баланд медиҳад. Зеҳни сунъӣ низ як навъ ихтирои инсон аст, ки бо тақлид ба зеҳни инсоният фаъолият менамояд ва имрӯз барои кулли башар чизи хеле муҳим ва зарурӣ гардидааст. Олимону муҳаққиқон истифода аз зеҳни сунъиро дар тамоми соҳаҳо хеле зарур ва муҳим меҳисобанд. Дар аксарияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон татбиқи он ба ин ё он соҳа натиҷаи хуб додааст.
Дар бозори меҳнат ба зарфияти зеҳнии инсонҳо, ки бо илмҳои муосир шакл гирифтааст, эҳтиёҷ бештар мегардад. Зеро имрӯз бо истифода аз зеҳни сунъӣ, компютер зарфияти коркарди миллионҳо мегабайт иттилоотро дар як сония дорад, ки инсон дори чунин зарфият нест. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули технология ба инсонҳои донишманд бештар такя карда мешавад, аммо дар ҳама давлатҳо дар самти омода намудани мутахасисони сатҳи баланд мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Тамоми таҳқиқот ва омӯзишу пажӯҳишҳое, ки олимону муҳақиқон онро анҷом медиҳанд, дар оянда имкон медиҳад то зеҳни сунъӣ бо истифода аз онҳо аз ҳар ҷиҳат аз инсон бартарӣ бошад. Зеро зеҳни сунъӣ бо истифода аз ин дастовардҳои илмӣ ва қобилияти ҳифзу таҳлили миқдори зиёди иттилооту маълумот зарфияти анҷом додани амалҳое, ки инсон дар амалӣ намудани он оҷиз аст, соҳиб мегардад. Чунин як зарфият имкон медиҳад, то дар бисёр соҳаҳо зеҳни сунъӣ инсонро иваз намояд.
Мақсади зеҳни сунъӣ таҳияи алгоритмҳо ва амсилаҳое мебошад, ки метавонанд зеҳни инсонро тақлид кунанд ва вазифаҳои гуногунро ҳал кунанд. Ба вуҷуд овардани системаҳои зеҳни сунъӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ҳарчанд барои инсонҳо осон ва табиӣ мебошанд, барои мошинҳо ва алгоритмҳо бо истифода аз усулҳои дарёфт ва таҳлил маълумот, омӯзиш ва истилоҳот, қароргирӣ ва дигар вазифаҳои иншоотӣ имконпазир аст.
Истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаҳои гуногун алоқамандӣ дошт:
1. Тиб: Ташхиси бемориҳо, таҳияи доруворӣ, ҷарроҳии роботӣ, таҳлили тасвирҳои тиббӣ.
2. Тиҷорат ва молия: Пешгӯии бозор, худкорсозии хидматрасонӣ ба мизоҷон, ошкор кардани қаллобӣ.
3. Нақлёт: Мошинҳои худидорашаванда, беҳтарсозии боркашонӣ, системаҳои нақлиёти интеллектуалӣ.
4. Маориф: Омӯзиши фардӣ, таҳқиқи худкори вазифаҳо, омӯзгорони маҷозӣ.
5. Маркетинг: Таҳлили рафтори истеъмолкунандагон, чат-ботҳо, маъракаҳои таблиғотии зеҳни сунъии худкор.
6. Саноат: Зеҳни сунъӣ дар равандҳои кории роботҳои техникӣ, пешгӯии хизматрасонии техникӣ, назорати сифат.
7. Амният: Шинохти чеҳраҳо, киберамният, таҳлили рафтори корбарон.
Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои марбут ба он дар ҷаҳони муосир як қисми ҷудонашавандаи рушди илмӣ ва технологӣ мебошанд. Ин технологияҳо дар ҳолати кунунӣ бо суръат рушд мекунанд ва таъсири амиқе ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонӣ доранд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун на танҳо барои пешрафти технологӣ, балки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар соҳаи тиҷорат ва молия, истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳлили рафтори истеъмолкунандагон ва пешгӯии раванди бозор, он метавонад шароити беҳтаре барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва стратегияи иқтисодӣ муҳайё кунад, ки дар натиҷа ин ҳолат ба суръат ва самаранокии рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтор ҳам бо истифода аз нақлиёти худидорашаванда ва системаҳои интеллектуалӣ барои идоракунии роҳҳо ва ҳаракати одамон ва борҳо, қобилиятҳои зеҳни сунъӣ дар бораи таҳлили маълумотҳои нақлиётӣ барои беҳтар кардани системаи нақлиёт таъсири амиқ хоҳанд дошт.
Айни замон давлатҳои пешқадам дар соҳаи зеҳни сунъӣ инҳо мебошанд:
1.ИМА
2.Иттиҳоди Аврупо
3.Хитой
4.Исроил
5.Британияи Кабир.
Махсусан дастрасии кушод ва истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ хатари бузург дорад, чунки исботи хавфҳои зеҳни сунъӣ хеле кам аст. Моҳи ноябри соли 2023 дар ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Хитой, ҳамагӣ 28 давлатҳои ҷаҳон Эъломияи хатари зеҳни сунъиро бо номи «Эъломияи Блетчли» қабул намуданд.
Дар шароити муосир ширкатҳои Хитой ва Ҳиндустон 60 % аз неруи зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Дар Канада 28 %, дар Британияи Кабир 26 %, дар ИМА 25 %, дар Австралия 24% аз зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Дар дурнамо то соли 2027 80 % амалиёти савдо ба воситаи зеҳни сунъӣ мегузаранд. То соли 2030 аз се як ҳиссаи ҷойҳои кори автоматӣ мегарданд. Дар ИМА то соли 2030 ҳафтоду се миллион одамон ва дар Ҳиндустон яксаду бист миллион одамон бекор мемонанд. Рушди зеҳни сунъӣ касбҳои муҳосиб, маъмури корхона ва хизматчиро зери хатар мемонад. То соли 2044 гардидани автоматии ҷойҳои корӣ 2030 фоиз (ду ҳазору сӣ) ба назар аст, ки боиси бекории умумиҷаҳонӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ ва татбиқи он «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро қабул намудааст, ки дар ин замина аллакай якчанд корҳо ба анҷом расонида шуданд.
“Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар баробари ин барои рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат соли равон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуда, 24 ҷой барои ғолибон муайян карда шуд, ки ин ҳам ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ боиси пешрафти иқтисодӣ гардида, дар баробари ин омодасозии кадрҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҷустани роҳҳои хавфи онро тақозо менамояд.
Тоҷиддин Холов,
номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
