Дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», мулоқоти судманди Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо Толеген Мухтар Адилибекулӣ, ректори Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Амонҷолов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, аз номи роҳбарияти Донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти донишгоҳ пешниҳод гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Амонҷолов ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки ин санад заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мегардад.
