Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – Рӯзи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав бо либоси миллии тоҷикона иштирок намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ҷолиб ҳунару анъанаҳои қадимаи миллати тоҷикро ба маърази тамошо гузоштанд.
Меҳмонон аз наздик бо фарҳанги ғанӣ, таърихи куҳан ва суннатҳои зебои тоҷикон шинос шуданд.

Дар доираи барнома, иштирокчиён намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, расму оинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро муаррифӣ намуда, ба ин васила дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни миллатҳо тақвият бахшиданд.
