Имрӯз дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Нсоири Хусрав аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Шарифзода Мумин, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шуроҳои диссертатсионӣ, котибони илмӣ, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, масъулини маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Иштирокдорон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва автореферат, ислоҳи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта ва дигар масъалаҳои низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогӣ андешаронӣ намуданд.

