Имрӯз дар литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав миззи мудаввар баргузор гардид, ки дар он таҳлилу баррасии Паёми Пешвои миллат доир ба масъалаи ҷавонон муҳокима гардид.
Миззи мудаввар бо сухани ифтитоҳии сардори шуъбаи илм ва иноватсия Нориён Фирдавс оғоз гардид.
Дар идома устодони литсей бо баромадҳои худ тамоми паҳлуҳои Паёми имсолаи Пешвои миллатро, ки дар самти ҷавонон ироа шуда буданд, таҳлил намуданд.
Баъди суханронии омӯзгорон хонандаи синфи 9 Юсупова Сафиямо ҳамчун гирандаи стипендияи Президентӣ аз дастгирии пайвастаи Пешвои миллат миннатдорӣ карда, масъулияти худро ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат баён намуд.

