27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

