Имрӯз 01.05.2026 унвонҷӯёни кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Сафарзода Ҷумахон Мирзошариф ва Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ пешдифои рисолаи номзадии худро доир намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Сафарзода Ҷумахон Мирзошариф дар мавзуи “Сиёсати иттилоотӣ ҳамчун омили самаранокии идоракунӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)”, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қ. А., барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.2. Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ дар арафаи дифои рисолаи номзадӣ аст.
Инчунин Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло дар мавзуи “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналхалқӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Х. Қ., барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баромад намуданд.

