Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи таълим ва идоракунии раванди таълим баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаи ҳолати ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ дар факултетҳои химия ва биология, математика, технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот, физика, техника ва технология мавриди таҳлил қарор гирифт. Зикр гардид, ки беҳтар намудани сатҳу сифати машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, масъалаи сатҳу сифати донишазхудкунии донишҷӯёни курсҳои 1–2-юми факултетҳо баррасӣ гардида, натиҷаҳои санҷишу таҳлилҳои шуъбаи назорати сифати таҳсилот пешниҳоди иштирокчиён карда шуданд.
Дар ин замина, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати тақвияти назорат, истифодаи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

