Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро чунин таъкид намуданд, ки замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣкарда шаванд.
Соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун яке аз бахшҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити ҷаҳони муосир мавқеи устувор ва стратегӣ касб намудааст. Рушди босуръати ин соҳа ба тағйирёбии сохтори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намуда, онро ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳо табдил додааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пайваста чораҳои муҳиму мушаххаси давлатӣ роҳандозӣ гардида, барои татбиқи самараноки онҳо як қатор дастгириҳо ва имтиёзҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ба таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва густариши иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ҳамчун ифодаи сиёсати дурбинона ва дастгирии системавии роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ гардида, ба таҳкими сармояи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кадрҳо ва фароҳамсозии заминаҳои устувори рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Дар ин замина, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва низоми ҳавасмандгардонӣ, аҳамияти аввалиндараҷаро касб намуда, ҳамчун абзори муассири сиёсати давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ, ҷалб ва нигоҳдории мутахассисони баландихтисос, инчунин таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва рушди устувори иқтисоди рақамӣ хизмат менамояд.
Бо дарназардошти аҳамияти стратегии соҳаи мазкур, татбиқи сиёсати ҳадафноки давлатӣ дар самти такмили низоми музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии кадрҳо ҳамчун шарти зарурии таъмини рушди устувор, баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ва гузариши самаранок ба иқтисоди рақамӣ арзёбӣ мегардад.
Тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро ҳамчун ҳадафи асосӣ ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат муайян намуда, дар ин замина ба рушди устувори соҳаҳои стратегӣ ва афзалиятноки иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи пайваста ва ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Ин раванд ба татбиқи ислоҳоти сохторӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин шароит, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ба ҳайси зерсохтори асосии иқтисоди рақамӣ ва омили муҳими ҳамгироии кишвар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ касб менамоянд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) бидуни ташаккули низоми самараноки ҳавасмандгардонии кадрҳо ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки дар шароити рақобати шадиди бозори ҷаҳонии меҳнат, давлатҳо бо истифода аз маҷмӯи васеи механизмҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалӣ кӯшиш менамоянд, ки мутахассисони баландихтисосро ҷалб намуда, ҳамзамон нигоҳдорӣ ва рушди устувори неруи кадрии соҳавиро таъмин созанд. Дар ин замина, танзими музди меҳнат ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар самти ташаккули сармояи инсонӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатӣ аҳамияти махсусро касб менамояд. Қабули Фармони мазкур ифодаи сиёсати пайгирона ва стратегӣ – равонашудаи роҳбарияти олии давлат дар самти рушди технологияҳои муосир ва густариши равандҳои рақамикунонӣ дар иқтисоди миллӣ арзёби гардида, татбиқи он барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва молиявии рушди ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва раванди инноватсионӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Бо мақсади рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 №822, Қонун дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, пешбурди фаъоли навовариҳо дар соҳаи техника, хизматрасонӣ ё идоракунӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ. Консепсияи ташкили Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012 – 2020). (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643). Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, №1174 дар бораи стратегияи давлатии технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №290). Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №1175 дар бораи консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби талаботи ягона барои сайтҳо ва шабакаҳои маҳаллии ҳисоббарории мақомоти давлатии идоракунӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №166). Барномаи давлатии рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2017 (Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №428). “Барномаи рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025”, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”,“Стратегияи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ”,“Барномаи рушди ҳукумати электронӣ”, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумати электронӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ”, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи электронӣ” қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, киба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иқтисоди рақамӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин санад ҷорӣ намудани низоми нави ҳавасмандгардонӣ баҳисоб меравад, ки ба арзёбии воқеии салоҳиятҳои касбӣ, натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва сатҳи тахассуси кормандон асос меёбад. Илова бар ин, татбиқи Фармони мазкур барои суръат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, рушди стартапҳо, дастгирии таҳқиқотҳои илмӣ ва таҳкими робитаи байни илм ва истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам оварада, ҳамчунин, он ба баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон дар соҳаи фанҳои рақамӣ ва рушди малакаҳои рақамии аҳолӣ мусоидат намуда, дар баробари ин, масъалаи таъмини амнияти иттилоот ва соҳибихтиёрии технологӣ дар шароити таҳдидҳои афзояндаи киберӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Низоми самараноки ҳавасмандгардонӣ метавонад ба ҷалби мутахассисони баландихтисос дар соҳаи амнияти иттилоот мусоидат намуда, заминаи устуворро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ фароҳам оварад. Ин раванд нишон медиҳад, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ ва иқтисоди рақамӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати худ аҳамияти муҳим медиҳад.
Дар маҷмӯъ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» нишон медиҳад, ки он яке аз санадҳои муҳими стратегӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити гузариши босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ба низоми рақамӣ, зарурати такмили сиёсати кадрӣ ва молиявӣ мутобиқ ба талаботи муосир ба миён омадааст. Дар ин замина, ҷорӣ намудани низоми нави музди меҳнат, ки ба сатҳи салоҳияти касбӣ, натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва доштани сертификатсияҳои байналмилалӣ асос меёбад, метавонад ба баланд бардоштани рақобатпазирии муҳити меҳнат ва рушди кадрҳои баландихтисос мусоидат намояд.
Ба андешаи мо, баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ метавонад ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат, беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди устувори инфрасохтори рақамӣ замина гузорад. Ҳамзамон, ин раванд ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ мусоидати назаррас намояд. Илова бар ин, ин иқдом метавонад ба тавсеаи бозори хизматрасониҳои рақамӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ таъсири мусбат расонад. Ҳамзамон, он ба афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои техникӣ ва рушди устувори захираҳои инсонӣ дар дарозмуддат замина гузошта, татбиқи он барои таъмини амнияти иттилоот ва таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ аҳамияти стратегӣ касб менамояд.
Дар натиҷа метавон зикр намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ҳамчун омили муҳими рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ замина гузошта, татбиқи самараноки он метавонад ба гузариши устувори кишвар ба иқтисодиёти инноватсионӣ ва таъмини рушди дарозмуддати иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд.
Имомализода Баҳодур,
декани факултети технологияи рақами ва ҳифзи иттилоот

