Ба ифтихори ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)
Дар таърихи илму техника ҳолатҳое вомехӯранд, ки баъзе кашфиёту кашшофони он солҳои тулонӣ ба мардум номаълум мемонанд. Ин сабабҳои гуногун дошта, аксари он ба махфӣ будани соҳаи таҳқиқоти ин ё он олиму муҳаққиқ вобаста аст. Махсусан, агар кашфиёт ё навигарии техникӣ ба соҳаи ҳарбӣ алоқа дошта бошад, пас аниқ аст ки маълумот дар бораи он баъди даҳсолаҳо дастраси умум мегардад. Олимону муҳандисони зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар арсаи илму техника заҳмат кашида, дар ғалабаи иттифоқчиён бар фашизм ҳиссаи беназир гузоштаанд. Онҳо бечуну чаро сарбозону афсарони ҷабҳаи махфии набардҳои ҷанг буда, кашфиёташон ҳачун кашфиёти нуҳуфта арзёбӣ мешаванд. Тасмим гирифтем, ки ба ифтихори ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бораи яке аз ин гуна сарбозон, асосгузори назарияи зеҳни сунъӣ (ЗС) Алан Мэтисон Тюринг (1912-1954) сухане чанд иброз намоем. Алан Тюринг дар соҳаҳои гуногун: математика, информатика, техникаи ҳисоббарор, назарияи ҳисоб, назарияи алгоритмҳо, назарияи ЗС, мантиқ, химия, биология, фалсафа, криптография ва ғайра ба корҳои илмӣ машғул шудааст. Дар бисёре аз ин соҳаҳои номбаргардида натиҷаҳои илмии ҷиддӣ ва ҳатто бунёдӣ (фундаменталӣ) дорад. Дар симои Тюринг намояндаи бузурги илми академикӣ ва муҳандисӣ якҷоя таҷассум меёбад.
Тюринг ҳамчун пешоҳанги информатика ва асосгузори назарияи ЗС эътироф гардидааст. Тюрингро аввалин рамзшикан (хакер) низ меҳисобанд. Тюринг бо «фаъолияти хакерӣ»-аш дар ғалабаи армияи иттифоқчиён бар флоти Олмон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳиссагузор аст. И. Гуд яке аз ҳамкорони Тюринг гуфта буд: «Ман гуфта наметавонам, ки мо дар ҷанг бо шарофати Тюринг ғалаба кардаем, вале бе ӯ мо ҷангро бой доданамон мумкин буд». Сарвазири Англия дар замони ҷанг Тюринг ва ҳамкорони ӯро зери назар дошта, гуфта буд: «Рамзи хабарҳоро кушоед вагарна мо ҷангро бой медиҳем!»
Соли 1939 як муассисаи ҳарбии бритониягӣ дар назди Тюринг масъалаи кушодани сирри «Энигма»-ро гузошт. «Энигма»-ин машинаи электромеханикии роторӣ буда, барои рамзгузорӣ ва рамзкушоии матнҳои махфӣ истифода мешуд. «Энигма» истилоҳи юнонист ва маънои «Чистон» ё худ “Муаммо”–ро дорад. Шаклҳои гуногуни ин машина даҳҳо нусха сохта шуда буданд. Яке аз моделҳои ҳарбии он дар Олмони фашистӣ бо номи «Энигмаи Вермахт» машҳур буд. Ин машина дар рамзгузории вермахт, политсия, CD, СС, дар флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ва «люфтвафф»-и фашистон истифода бурда мешуд. Ин мутахассисони ҳарбии иттифоқчиён алалхусус ҳарбиёни Англияро ба ташвиш оварда буд. Ҳанӯз то оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ як нусхаи ин машина ба дасти англисҳо расида буд. Ҷосусҳои британиягӣ ин таҷҳизотро ба қисмҳо ҷудо карда омӯхта буданд, вале бе калид ва схемаи коммутатсия, кушодани рамзи хабарҳо имконнопазир буд. Англисҳо дар як шабонарӯз қариб 2000 радиограммаҳои олмониҳоро ба даст меоварданд, вале аз ӯҳдаи кушодани онҳо намебаромаданд. Комбинатсияи имконпазири кушодани рамзи «Энигма» адади ниҳоят калон мешуд ва иҷрои дастии (ғайримашинии) ин кор имконнопазир буд. Аз ин сабаб ҳарбиён ба ёрии Тюринг ва дигар мутахассисон ниёз доштанд. Ҳамин тариқ, давраҳои ҳаёт ва фаъолияти Тюринг солҳои 1939-1945 дар реҷаи пинҳонӣ мегузашт. Ӯ дар вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, баъзан ҷойи зисташ маълум набуд. Ин ба ҳамон корҳои махфии ҳарбии кушодани сирри «Энигма» алоқаманд буд. Тюринг бо якчанд гурӯҳ аз рӯйи як лоиҳа бо номи «Ултра» кор мекарданд. Мақсади ин лоиҳа кушодани рамзҳои махфии машинаи болозикр буд. Барои ҳалли ин масъала якчанд гурӯҳ созмон дода шуда буд, ки ба ҳайати онҳо математикон, шоҳмотбозон, дӯстдорони кроссвордҳо, донишмандони соҳаҳои гуногун ва ҳатто ду мусиқинавозро шомил намуданд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳо аз сохтани машинаҳои ҳисоббароре иборат буд, ки рамзҳои радиограммаҳои душманро кушода тавонанд. Ба яке аз ин гурӯҳҳо Тюринг роҳбарӣ менамуд. Барои Тюринг дар ҳалли ин масъала тамоми амалиётҳои озодона ва мустақилонаро таъмин намуданд. Ӯ ба шуъбаи худ барои ҳалли ин муаммо «Мактаби британиявии рамзҳо», 12 математик, ду забоншинос инчунин якчанд шоҳмотбозро ҷалб намуд.
Тюринги 27 сола ва шуъбаи таъсисдодааш бо суръати кайҳонӣ кор карда, ба муваффақият ноил гардиданд. Мураккабии кодҳо ва рамзҳои машина дар он буд, ки калимаҳои кодиронидашуда аз калимаҳои аслии худ дида ҳарфҳои зиёдтар доштанд. Рамзҳо тез–тез иваз мешуданд (баъзан дар як шабонарӯз се маротиба). Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда дар муддати шаш моҳ «Энигма»-и дастнораси олмониҳо «фатҳ» карда шуд, яъне қисми зиёди рамзҳо шикаста шуданд. Дар ин кор машина бо номи «Бомбаи Тюринг» кӯмак намуд. Баъди як соли дигар тамоми масъала ҳалли мусбии худро ёфта, флоти баҳрии англисҳо ба кашидани «нафаси озод» оғоз намуд. Хизматҳои Тюринг баъди ғалаба дар ҷанг бо Ордени Империяи Британия қадр карда шуда, ӯро ба гурӯҳи корӣ барои сохтани машинаҳои электронии ҳисоббарор даъват намуданд.
Тюринг аввалин шахсе буд, ки табиати универсиалии машинаҳои ҳисоббарориро фаҳмида буд. Дар арафаи ҷанг Тюринг Кембриҷро тарк карда ба ИМА ба донишгоҳи Принстон меравад. Дар ин донишгоҳ ва институти таҳқиқотии ҳамшафати он олимони барҷаста Чёрч, Курант, Энштейн, Харди, фон Нейман кор мекарданд. Тюринг ҳангоми донишҷӯ буданаш ба корҳои илмии фон Нейман шинос шуда буд.
Дар байни Нейман ва Тюринг аввлин гуфтугузорҳо оид ба машинаҳои ҳисоббарор ва «фикркунанда» баргузор мегарданд. Ҷон фон Нейман ба идеяи машинаҳои универсиалӣ диққати ҷиддӣ дода, Тюрингро ҳамчун ассистенти худ ба ҳамкорӣ таклиф намуд. Тюринг ин таклифро рад намуда ба Кембриҷи Англия бармегардад. Ӯ дар давраи ҷанг ва то охири умраш дар ватани худ монда, содиқона хизмат мекунад.
Соли 1945 Алан Тюринг аз донишгоҳи Кембриҷ ба озмоишгоҳи физикии миллӣ гузашта, барои лоиҳакашӣ ва сохтани машинаҳои ҳисоббарор гурӯҳе бо номи АСЕ (Automatic Computing Engine –Таҷҳизоти Автоматикии Ҳисоббарор), ташкил медиҳад. Дар муддати 3-4 сол ин гурӯҳ лоиҳаҳои ҷолиби диққат пешниҳод намуд, ки онҳо асоси сохтани машинаҳои ҳисоббарорро дар оянда, ташкил додаанд. Тюринг яке аз аввалинҳо шуда консепсияи фундаменталии сохтани компютерро дар олами техникаи ҳисоббарор пешниҳод намудааст. Корҳои Тюринг дар ин самт новобаста аз корҳои Моклӣ, Эккерта (ихтирогарони аввалин компютер) ва фон Нейман арзи вуҷуд карда буд. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки лоиҳаи фундаменталии сохтани аввалин компютер дар Англия ва ИМА дар як вақт новобаста аз ҳамдигар пайдо гардидаанд. Муаллифи яке аз ин лоиҳаҳо сарбози ҷабҳаи махфии иттифоқчиён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пешоҳанги информатика ва асосгузори назарияи ЗС Алан Тюринг буд. Дар баробари Тюринг боз даҳҳо олимону муҳандисонро номбар кардан мумкин аст, ки бо меҳнати садоқатмандонаву ватандӯстонаи худ ғалаба бар фашизмро барои башарият таъмин намудаанд. Ҳамаи онҳо низ сарбозони ҷабҳаи махфии Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Аз ҷумла: Г. Велчман ва В. Котелников (дар соҳаи криптография), Р. Оппнгеймер, Э. Ферми, И. Курчатов ва Я. Зелдович (дар соҳаи ҳастаӣ), Фон Нейман, К. Шеннон, А. Колмогоров, М. Келдиш, С. Королёв, С. Чаплигин, А. Яковлев, С. Лавочкин, А. Туполев ва С. Вавилов (математикаи амалӣ, механика, алоқа, оптика, ҳавопаймосозӣ, ракета ва техникаи ҳарбӣ). Дар замони ҷанг иттифоқчиён дар самтҳои криптогафия, назарияи ва амалияи ҳисоббарорӣ, ҳастаӣ (атом) пешқадам буданду СССР дар математикаи амалӣ, механика, ракета (мушак), ҳавонавардӣ ва физика. Ҳамин зайл, олимони болозикр ва амсоли онҳо дар ғалаба бар фашизм саҳми арзандаи худро мустақим ва ғайримустақим гузоштаанд. Айни замон мубориза дар ҷабҳаҳои махфӣ дар шаклҳои гуногун идома дорад. Технологияҳои муосир ва ЗС мушкилоти гуногуни нав, аз ҷумла: технофашизм ва техномиллатгароиро ба майдон овардаистодааст. Инсоният дар асри ХХ бо талафоти ниҳоят гарон фашизм ва миллатгароёни фашистиро мағлуб намуд. Акнун дар асри XXI хатарҳои ЗС, технофашизм ва техномиллатгароӣ мушкилоту таҳдид эҷод карда истодаанд. Дар ин ҳолат низ башарият ба олимони забардасти фидокор, инсондӯсту ватандӯст ба монанди Алан Тюринг ниёз дорад.
А. О. Абдураҳимов,
дотсенти факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти ДДБ ба номи Носири Хусрав
