Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳадафҳои стратегӣ ва миллии замони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид.
Сипас, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзуи «Президенти кишвар: масъалаи хотираи таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» маъруза намуда, нақши Пешвои миллатро дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Саидов Алихон дар мавзуи «Таҳкими манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ дар Тоҷикистони муосир» баромад намуда, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, суботи ҷомеа ва таҳкими манфиатҳои миллиро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идома, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии донишгоҳ Азимзода Ҳайдаршоҳ дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ шудани сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки сиёсати давлатии соҳаи ҳуқуқу маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намудааст.
Иштирокдорони конференсия зимни мубодилаи афкор таъкид намуданд, ки сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар нақши калидӣ дорад.

