Имрӯз аз ҷониби профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Солеҳзода Давлат ба омӯзгорони факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав як қатор китобҳо, дастурҳои таълимӣ ва маводи илмӣ-таълимӣ ҳамчун тӯҳфаи арзишманд тақдим гардид.
Китобу дастурҳои тақдимшуда барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тадрис, такмили дониши донишҷӯён ва ғанӣ гардонидани захираи илмии факултет аҳаммияти муҳим доранд.


