Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои илмӣ-методӣ бо иштироки Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва фаъолияти сохторҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, фаъолияти марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ – русӣ, англисӣ ва кореягӣ дар донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ғ. Мирзоев, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик муҳокима гардид.
Ҳамзамон, натиҷаи фаъолияти шуъбаи тарбия ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ доир ба аҳамияти омӯзиши осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина гузориши мудири шуъбаи тарбия Набизода Эмомалӣ шунида шуда, оид ба беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии донишҷӯён тавсияҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Шурои илмӣ-методӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, барои иҷрои босифати вазифаҳои муайяншуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

