(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо давлатҳои мутараққӣ ва пешрафтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади таҳкими сулҳу дӯстӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, амният, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба роҳ монад. Маврид ба зикр аст, ки ин ҳамкориҳои судманду мутақобилаи ҷониби Тоҷикистон бо давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳошияи сиёсати “дарҳои боз” ва “сулҳҷуёна” амалӣ карда мешавад.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амали намудани чунин сиёсати созандаву созгор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бахши сиёсати хориҷии мамлакат, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар ҳама бахшҳо мушарраф гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун шарики стратегӣ ҳамкориҳои судманд дошта, то ин замон дар натиҷаи амалишавии сиёсати муваффақонаи роҳбарони сатҳи олии ду кишварҳои дӯсту ҳамсоя бо дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ расидаанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ барпо намудааст, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд.
«Ин раванд бозгӯи манфиатҳои мардумони мо, ки робитаҳои мустаҳками дӯстии самимона ва ҳусни ҳамҷаворӣ доранд, мебошад» – таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин замина 12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварданд. Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд. Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд.
Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳи бонуфуз, намунаи олии қадршиносӣ, таваҷҷӯҳ ба заҳмату ташаббусҳои байналмилалӣ ва эҳтиром ба иқдомҳои созандаву инсондӯстонаи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки ин эҳтироми самимӣ ва дӯстии деринаи миёни мардуми Чин нисбат ба Пешвои Муаззами миллат ва тамоми миллати тоҷикро, инъикос мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромади хеш дар ин боргоҳи илму маърифат бо ифтихор иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд. Пешвои миллат, ҳамчунин, аҳаммияти хосаи илму маърифатро дар шароити муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар зарфи солҳои истиқлолӣ давлатӣ зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Дар ин зимн таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд. Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад. Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар пояи сиёсати хирадмандона, сулҳомез ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин вусъати тоза касб намуда истодааст. Ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар дар соҳаи маориф ва илм, инноватсия ва рушди технологияҳои рақамӣ ҷиҳати омода намудани мутахаасисонӣ ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ шароити созгор фароҳам меоварад.
Набизода Эмомалӣ,
номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи тарбияи Доншгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
