
Дар доираи мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими муҳими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки қадами устувори дигар дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарокати стратегӣ байни ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот дар маҷмуъ 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони нав, инчунин Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду давлат имзо гузоштанд.
Тавре таъкид гардид, аҳдномаи нав бо шиори «Дӯстӣ — абадан, душманӣ — ҳеҷ гоҳ» амалӣ гардида, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои дарозмуддат ва мутақобилан судмандро фароҳам месозад.
Санадҳои имзошуда соҳаҳои гуногуни ҳамкориро фаро гирифта, самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, технологӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, ёддоштҳои тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон, густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, таҳкими эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат ва идоракунии молияи давлатӣ ба имзо расиданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маъданҳои “сабз”, содирот, кишоварзӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, сохтмон, метрология ва рушди захираҳои инсонӣ санадҳои муҳими ҳамкорӣ қабул намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ зоҳир гардид.
Дар самти фарҳанг ва иттилоот низ як қатор санадҳо ба имзо расиданд, ки барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории расонаӣ миёни ду кишвар мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Синхуаи Чин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Имзои ин санадҳо бозгӯи сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ ва иродаи қавии роҳбарияти Тоҷикистону Чин ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо арзёбӣ мегардад.
Мансур Нуралиев,
н.и.п., дотсенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
