Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои дунё яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёфт. Таъкид намудан ба маврид аст, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлолият буд.
Таърихи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дар байни Ҷумҳурии Точикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар натиҷаи сафарҳои самарабахш дар сатҳи гуногун, махсусан, дар сатҳи олӣ, инчунин васоити муносибатҳои кори намояндагони ҳарду кишвар, дар асоси руоварӣ ба ҳамкории ояндадор дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ илмӣ – техникӣ, гуманитарӣ ва ғайра ғани мегардад.
Таърихи ташакулёбии муносибатҳои Тоҷикону Чинро ҳамчун робитаҳои босуботу устувор баҳо додан мумкин аст. Тоҷикистон ва Чин дар ҷараёни муносибатҳои тарафайн роҳи дурусти пешомадаро интихоб намудаанд. Инкишофи бемайлон ва асосноки муносибатҳои сиёсӣ тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва мадани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин, чӣ дар сатҳи тарафайн ва чӣ дар сатҳи бисёртарафа баомузиши ҳаматарафа зарурият ва ниёз дорад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин оиди мубодилаи афкор нисбати масълаҳои муҳими муносибатҳои дутарафа ва байналмилалӣ низ дар доираи ИДМ ва СҲШ актуалӣ ва ибратомуз аст.
Бояд гуфт,ки дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ рӯз аз рӯз мураккабтар мегарданд, давлатҳое муваффақ мешаванд, ки сиёсати хориҷии худро бар пояи эътимод, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории дарозмуддат ба роҳ мемонанд. Санаи 12 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳори муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба шарикии стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии чин имзо гузоштанд. Санадҳои мазкур таҳти шиори таърихии “Дӯстӣ – абадан, душмани –ҳеҷ гоҳ” амал хоҳанд намуд, ки ифодаи равшани сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамҷавории нек ва эътимоди дарозмуддати Тоҷикистону Чин мебошад.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин (31 санад), аз ҷумла Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду давлат танҳо ҳамкории дипломатӣ набуда, балки ба як низоми мустаҳками эътимод ва шарикии дарозмуддат табдил ёфтаанд. Ин санадҳо самтҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ва сармоягузориро фаро гирифта. Барои рушди устувори ҳар ду давлат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бояд гуфт, ки то санаи 12 майи соли 2026 заминаи меъёри-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Чинро зиёда аз 250 санади дуҷониба ташкил медод, ки ин далели равшани сатҳи баланди эътимод ва густариши пайвастаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ мебошад. Ин санадҳо соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ, ва гуманитариро фаро гирифта, барои рушди муносибатҳои устувору дарозмуддат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993 ҳамчун яке аз аввалин санадҳои муҳими сиёсӣ принсипҳои асосии ҳамкории ду давлатро муяайян намуд. Дар ин санад эҳтироми истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва рушди ҳамкориҳои дӯстона ҳамчун пояи муносибатҳои дуҷониба муқаррар гардидаанд. Қадами муҳими дигар дар таҳкими робитаҳо имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои неки, ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ аз 15 январи соли 2007 буд. Ин ҳуҷҷат муносибатҳои Тоҷикистону Чинро ба марҳилаи сифатан нав бароварда, заминаи рушди ҳамкориҳои дарозмуддати сиёсиву иқтисодиро таҳким бахшид.
Бо амалӣ гаштани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо метавон гуфт, ки ҳамкориҳои ба худ сатҳу сифати нав гирифта, вориди марҳилаи нави муносибатҳои байналмилалӣ мегардад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти моро имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофари хоҳад кард.
Абдуллоев Шарофиддин,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав

