Имрӯз бо ташаббуси факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон — ояндаи дурахшони миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони факултет иштирок намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, пешрафти илму иқтисод ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ доранд. Қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон барои фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, рушди қобилияту малака ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ ва таҳлилӣ баромад намуда, оид ба масъулияти ҷавонон дар шароити муосир, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, рушди тафаккури созанда, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ибрози назар карданд.
Зикр гардид, ки ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолнокии иҷтимоии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Мизи мудаввар дар фазои илмӣ ва ватандӯстона баргузор гардида, барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва фаъолнокии ҷавонон мусоидат намуд.

