Дар факултети педагогика ва варзиш конференсияи ҷамъбастии таҷрибаи педагогӣ баргузор шуд.
Дар рафти ҳамоиш роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ, декани факултет ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ карданд.
Пеш аз оғози конфронс дастовардҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию методии таҷрибаомӯзон ба намоиш гузошта шуд ва натиҷаи фаъолияти онҳо арзёбӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таҷрибаи педагогӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим, омода намудани ҳуҷҷатҳои таълимӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муассисавӣ ва нишон додани маҳорату малакаи баланди педагогӣ машварату маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, декани факултет як қатор донишҷӯёни фаъолро барои иштироки намунавӣ дар раванди таҷрибаи педагогӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд.

