ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҶАВОНОН СУҲБАТЕ ОРОСТЕМ, БО МУҲАҚҚИҚИ ҶАВОНИ СОҲАИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ ВАЛИЗОДА РӮЗИБОЙ САНГИМУРОД ВА ФИШУРДАИ ОНРО МАНЗУРИ ХОНАНДАИ ГИРОМӢ МЕНАМОЕМ.
ШИНОСОӢ
Валиев Рӯзибой 23-уми феврали соли 1994 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (солҳои 2016). Солҳои аввали фаъолияти илмӣ лаборанти кафедраи физикаи умумӣ буд (2016–2017) ва аз соли 2017 то ҳол дар кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун омӯзгор ва тадқиқотчӣ фаъолият мекунад.
Ӯ 4-уми марти соли 2026 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КАО-011-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Оид ба таҳқиқи як синфи системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум ва дуюм бо ду хатти дохилии сингулярӣ», зери роҳбарии Шамсуддинов Файзулло, доктори илмҳои физикаю математика дифоъ намуд.
Пеш аз ҳама, Шуморо бо анҷоми диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D060100 – Математика (6D060102 – Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) табрик менамоем. Мегуфтед, ки мавзуи таҳқиқоти Шумо чист ва он аз кадом ҷиҳат муҳим аст?
– Ташаккур барои таманниёт! Мавзуи асосии таҳқиқоти ман “Як синфи системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум ва дуюм бо ду хатти дохилии сингулярӣ” мебошад. Мақсад дар он аст, системаҳое, ки то ин дам мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд, таҳлил ва тасвири интегралии бисёршаклаи ҳалҳои онҳоро пайдо кунем. Ин навовариҳо дар назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва самтҳои амалии он, ба монанди физикаи математикӣ, механика ва электродинамика, аҳамияти назаррас доранд.
– Имрӯз ҷавонони кишвар ба омӯзиши илмҳои дақиқ бештар рӯ меоранд. Шумо ҳамчун муҳаққиқ ва омӯзгори соҳаи математика фаъолияти илмии худро ба кадом самт бахшидаед?
– Самти асосии таҳқиқоти ман ба омӯзиши системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум ва дуюм бо ду хатти дохилии сингулярӣ бахшида шудааст. Ин мавзуъ ба назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва системаҳои динамикӣ иртибот дошта, дар илми муосир аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.
– Барои хонандаи оддӣ мавзуи мазкур хеле мураккаб менамояд. Аз ин рӯ содатар карда моҳияти таҳқиқотро мефаҳмондед.
– Муодилаҳои дифференсиалӣ воситаи асосии тавсифи равандҳои табиат, техника ва технология мебошанд. Масалан, ҳаракати мавҷҳо, интиқоли гармӣ, равандҳои физикӣ ва ҳатто баъзе масъалаҳои иқтисодӣ тавассути чунин муодилаҳо ифода мешаванд. Дар кори илмии мо системаҳое мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, ки дорои хусусиятҳои махсус – яъне хатҳои сингулярӣ мебошанд. Ин гуна нуқтаҳо ё хатҳо рафтори муодиларо тағйир медиҳанд ва таҳқиқи онҳо аз ҷиҳати илмӣ хеле муҳим аст. Мо кӯшиш намудем, ки ҳалҳои чунин системаҳо муайян ва хосиятҳои онҳо омӯхта шаванд.
– Шумо мавзуи бисёр мураккаби илмиро интихоб кардаед. Чаро маҳз ин самтро барои таҳқиқ интихоб намудед?
– Муодилаҳои дифференсиалӣ асоси бисёр масъалаҳои физика, механика, техника ва моделсозии математикӣ мебошанд. Системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳо, махсусан бо коэффисиентҳои сингулярӣ ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои муҳим ва камомӯхташудаи математикаи муосир ба шумор мераванд. Зарурати таҳқиқи чунин масъалаҳо аз он сарчашма мегирад, ки дар бисёр равандҳои табиӣ ва техникӣ ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки параметрҳо тағйирёбанда ё махсусиятнок мешаванд. Барои фаҳмидани чунин равандҳо таҳқиқи системаҳои дорои хатҳои сингулярӣ аҳамияти калон дорад.
– Навгонии илмии таҳқиқоти Шумо дар чӣ ифода меёбад?
– Навгонии асосӣ дар он аст, ки як қатор системаҳои барзиёдмуайяншуда бо ду хатти дохилии сингулярӣ бори аввал таҳқиқ гардиданд. Барои онҳо тасвирҳои интегралии бисёршаклаи ҳалҳо сохта шуданд, масъалаҳои навъи Коши ҳал гардиданд ва рафтори ҳалҳо дар атрофи хатҳои сингулярӣ омӯхта шуд. Ҳамчунин, системаҳои дорои ду ва се муодилаи дифференсиалӣ, ки яке аз онҳо муодилаи гиперболикии тартиби дуюм мебошад, таҳлил карда шуданд. Ин натиҷаҳо метавонанд дар рушди минбаъдаи назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ саҳми арзанда гузоранд.
– Мақсади асосии таҳқиқоти Шумо аз чӣ иборат буд?
– Мақсади асосии кори илмии мо таҳқиқи як синфи системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои дифференсиалии тартиби якум ва дуюм бо ду хатти дохилии сингулярӣ мебошад. Дар доираи таҳқиқот мо кӯшиш намудем:
– тасвирҳои интегралии бисёршаклаи ҳалҳоро ҳосил намоем; – хосиятҳои ҳалҳоро дар атрофи хатҳои сингулярӣ омӯзем;
– масъалаҳои навъи Коширо барои системаҳои мазкур ҳал намоем;
– роҳҳои нави таҳлили чунин системаҳои мураккабро пешниҳод кунем. Муҳим он аст, ки қисми зиёди системаҳои таҳқиқшуда бори аввал мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтанд.
– Оё чунин таҳқиқоти назариявӣ дар амал низ истифода мешаванд?
– Албатта. Гарчанде таҳқиқот хусусияти назариявӣ дорад, аммо натиҷаҳои он метавонанд дар моделсозии математикӣ, механика, физика ва системаҳои муҳандисӣ истифода шаванд.
МАСАЛАН, ҲАНГОМИ ОМӮЗИШИ РАВАНДҲОИ ГАРМИГУЗАРОНӢ, ДИФФУЗИЯ, МУҲИТҲОИ ҒАЙРИЯКҶИНСА Ё СИСТЕМАҲОИ ДОРОИ ПАРАМЕТРҲОИ ТАҒЙИРЁБАНДА ЧУНИН МУОДИЛАҲО БА МИЁН МЕОЯНД. НАТИҶАҲОИ БАДАСТОМАДА МЕТАВОНАНД БАРОИ ТАҲИЯИ МОДЕЛҲОИ НАВИ МАТЕМАТИКӢ МУСОИДАТ НАМОЯНД.
– Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ба назари Шумо ҷавонон чӣ гуна метавонанд дар ин самт муваффақ шаванд?
– Пеш аз ҳама, ҷавонон бояд ба дониш, мутолиа ва таҳқиқот шавқу рағбат дошта бошанд. Илмҳои дақиқ сабру таҳаммул, тафаккури мантиқӣ ва меҳнати пайвастаро талаб мекунанд. Сиёсати давлат дар самти рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Акнун вазифаи ҷавонон истифодаи дурусти ин имкониятҳо мебошад. Ҷавоне, ки имрӯз илм меомӯзад, фардо метавонад дар пешрафти ҷомеа ва рушди технология саҳми назаррас гузорад.
-Ба назари Шумо ҷавонон барои муваффақ шудан дар илм бояд ба чӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд?
-Пеш аз ҳама, бояд ба мутолиа ва таҳқиқоти мустақил одат кунанд. Илмҳои дақиқ танҳо бо истеъдод не, балки бо меҳнати пайваста ва сабру таҳаммул аз худ мешаванд. Имрӯз ҷаҳон ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои нав ва усулҳои муосири илмиро низ дар мадди назар дошта бошанд.
-Дар анҷоми суҳбат чӣ хулоса ва пешниҳодҳо доред?
-Хулосаи асосӣ ин аст, ки рушди илмҳои дақиқ яке аз омилҳои муҳимми пешрафти давлат мебошад. Ҷавонон бояд бештар ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб карда шаванд ва миёни донишгоҳу марказҳои илмӣ ҳамкориҳои бештар ба роҳ монда шаванд. Пешниҳод менамоям:
– барои ҷавонони муҳаққиқ грантҳо ва барномаҳои илмӣ бештар гарданд;
– озмунҳои илмӣ миёни донишҷӯён васеъ ба роҳ монда шаванд;
– робитаи илм бо истеҳсолот тақвият ёбад. Зеро ҷомеаи пешрафта маҳз бо ҷавонони донишманд ва навовар бунёд мегардад.
– Ба Рӯзи ҷавонон ба ҷавонони кишвар чӣ паём доред?
– Ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон таманно мекунам, ки ҳамеша дар роҳи донишандӯзӣ устувор бошанд. Илм инсонро ба қуллаҳои баланди маърифат мерасонад. Имрӯз ҷаҳони муосир ба мутахассисони донишманд ва навовар ниёз дорад. Ҷавонон бояд илм, махсусан илмҳои дақиқро ҳамчун калиди рушди фардо қабул намоянд. Зеро ояндаи миллат аз ҷавонони соҳибилм, ватандӯст ва созанда вобаста аст.
-Ташаккур, барои суҳбати пурмуҳтаво!
– Ман ҳам сипосгузорам. Ба ҷавонони кишвар иродаи қавӣ, дониш ва дастовардҳои нав орзу менамоям.
Мусоҳиб Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”