Имрӯз дар литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмунҳои дохилимуассисавии “Беҳтарин донандаи қоидаҳои ҳаракати роҳ”, байни хонандагони зинаи ибтидоӣ, “Мақоланависи беҳтарин” байни ҳамаи хонандагони литсей ва ҷамъбасти чаҳоряки чорум аз рӯйи холҳои бадастомада ҷамъбаст гардид, ки дар он роҳбарияти литсей Нориён Зарина, сармуҳаррири рӯзномаи “Фурӯғ” Наимзода Қудратулло ва дигар омӯзгорону хонандагон иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ масъулин иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории озмунҳои дохилимуассисавӣ ҷалби хонандагон ба илмомӯзӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инчунин рушди малакаи навиштану тафаккури мустақилонаи онҳо мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки озмуни дохилимуассисавии “Мақоланависи беҳтарин” аз ҷониби роҳбарияти литсей бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон, ҷалби онҳо ба мақоланависӣ роҳандозӣ гардидааст. Аъзои ҳайати доварони озмун мақолаҳоро аз рӯйи мазмун, забон ва услуб арзёбӣ намуда, дар натиҷа Алия Астнакулова – хонандаи синфи 6-уми литсейро ғолиби ин озмун ҳисобида, ӯро бо Сипоснома ва китоби бадеӣ қадрдонӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ҳамин озмун Сармуҳаррири рӯзномаи “Фурӯғ”-и донишгоҳ Наимзода Қудратулло суханронӣ намуда, қайд намуд, ки баъди эълон гардидани озмун ба идораи рӯзномаи хонандагони зиёди литсей барои нашри мақолаҳои худ муроҷиат намуданд. То имрӯз зиёда аз 20 мақолаҳои хонандагон оид ба мавзуъҳои гуногун дар саҳифаҳои нашрия интишор шудаанд, ки боиси қаноатмандӣ аст.
Баъдан аз ҷониби идораи рӯзнома се нафар хонандагони фаъоли литсей барои ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ, ҳамкорӣ ва пешниҳоди мақолаҳо бо Сипосномаи таъсисдодаи рӯзномаи “Фурӯғ” қадршиносӣ гардиданд.

