Имрӯз дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи методика ва амалияи таълими забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав Баҳридинова Гулчеҳра Нуруллоевна дармавзуи «Методика интегрированного обучения профессионально-ориентированному русскому языку студентов неязыковых факультетов» баргузор гардид.
Диссертатсия аз рӯйи ихтисоси 5.8.2 — Назария ва методикаи таълим ва тарбия таҳия шуда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҳоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна анҷом дода шудааст.
