Шоми имрӯз дастаи футболи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар даври ниманиҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон бозии диданибобу пуршиддат баргузор намуда, бар тими Коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар бо ҳисоби калони 6:2 дастболо гардид.
Аз дақиқаҳои аввали вохӯрӣ футболбозони донишгоҳ ҳамоҳангии хуб, маҳорати баланди техникӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои голзанӣ боис гардид, ки даста шаш маротиба ба дарвозаи рақиб гол занад..
Ин пирӯзии арзанда нишон медиҳад, ки дастаи донишгоҳ дар омодагии ҷисмонӣ ва тактикӣ сатҳи баланд дошта, барои муборизаи ниҳоӣ омода аст. Ҳамзамон, чунин натиҷа бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди варзиш ва тарбияи ҷавонони солиму фаъол мебошад.
Бо ин ғалабаи боварибахш, дастаи футболи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфта, умеди мухлисонро барои соҳиб шудан ба Ҷоми раиси вилояти Хатлон боз ҳам бештар гардонд.
Пирӯзӣ муборак ва комёбиҳои нав орзумандем!
