Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ҷаласаи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла ҳолати раванди таълиму тарбия, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти марказҳои таълимӣ, иҷрои қарорҳои қаблии раёсат ва омодагӣ ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат зимни суханронии худ ба масъулон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими интизоми меҳнатӣ, тақвияти корҳои илмӣ ва тарбиявӣ, инчунин иҷрои саривақтии вазифаҳои дар назди сохторҳои донишгоҳ гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои татбиқи онҳо ба масъулин вазифаҳои мушаххас вогузор карда шуданд.
