(Дар ҳошияи қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»)
Бисёр хурсандиовар аст, ки қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки аз ҷониби Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, дар остонаи таҷлил аз 29 -солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ рост омад. Ин дастоварди беназир дар таърихи давлатдории халқи тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Мардуми бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои таърихӣ аз пазироии навбатии ҷониби Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ истиқбол намуданд.
Қатъномаи мазкур ба хотири пойдории сулҳу оромӣ, ягонагӣ, муттаҳиддии миллатҳо, шароити созгор фароҳам овардан ба хотири зиндагии созгори насли наврас, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.
Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» иброз доштанд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Хушбахтона, истиқлоли давлатӣ ва эҳёи ваҳдати миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустақилона иштирок намояд ва дар раванди ҳалли мушкилиҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор мавқеи шоистаи худро пайдо намояд. Гузашта аз ин, масъалаи мазкур яъне таҳлилу баррасии сиёсати хориҷии мамлакат ҳамасола зимни ироаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии малакат аз ҷониби Президенти мамлакат мавриди таҳлилӯ омӯзиш қарор мегирад. Вобаста ба омӯзишу баррасии сиёсати хориҷии мамлакат зимни ироаи Паёмҳои Президент дар таҳқиқотҳои минбаъдаи худ таваҷҷуҳ хоҳем кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбоши худ ба муносибати қабули қатъномаи мазкур ёдовар шуданд, ки маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд. Ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии давлати навбунёди моро ташкил медиҳад, шарти асосии оромиву осоиши мардуми шарифи кишвар, муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва амалӣ гардидани тамоми нақшаву тадбирҳои созандаи мо мебошад.
Қайд кардан ба маврид аз ки Тоҷикистон аз солҳои нахусти соҳибдавлатии худ, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати сулҳҷуёна ва дарҳои бозро пеша намуда, дар пояи ин сиёсат ба дастовардҳои назаррасӣ байналмилалӣ ноил гардидааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чуинин муқарар гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад» Ин меъёри конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолӣ давлатӣ дар сиёсати хориҷии худ ҷиҳати ҳамдигарфаҳмӣ, равобити мустақили бисёрсамта, эҳтиромгузорӣ ба истиқлолияти дигар давлатҳоро дар сатҳи қонуни асосии худ татбиқ ва амалӣ менамояд. Ин талошҳои ҳамешагии ҷониби Тоҷикистон ба мақсади амали намудани сиёсати хориҷии худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат равона карда шудааст. Гузашта аз ин, татбиқи дурӯсти сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкориҳои созандаву муваффақонаи Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ки дар марҳилаи начандон тулонии таърих дар самти сиёсати хориҷии худ ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил гардида истодааст.
Дар ин масир низ қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аҳамияти хосса дорад. Қабули санади мазкур муҳимтарин ҳуҷҷат барои барқарории сулҳу оромӣ, истиқлолияти комил ва густаришу эҳёи сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин аҳамияти хеле калон дошт. Гуфтан мумкин аст, ки қабул созишномаи мазкур яке аз дастовардҳои беназир дар таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки он зери роҳбарӣ ва талошу заҳматҳои ҳамешагии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ин рӯйдоди мазкур барои рушду инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон ва равобити муносибатҳои байналхалқӣ саҳифаи наверо боз намуда, ба хотима бахшидани ҷанги таҳмилӣ дар мамлакат асос гузошт. Баъди қабули созишномаи мазкур дар мамлакат сулҳу субот, рушди соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, осоиштагии сокинони мамлакат ва ба рушди ҳамкориҳои берунӣ шароити мусоид фароҳам гардид.
Воқеан ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар ҳамчунин он барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикстон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро вобаста ба масъалаҳои рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб намуда, ҳаллу фасли онро ба мавзӯи баррасии кишварҳои ҷаҳон табдил бидиҳад.
Хулоса, намудан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар пешбурди сиёсати хориҷии мамлакат мавқеи худро муайян намояд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистнро ҳамчун давлатӣ соҳибёхтиёр шиносанд. Ҳамзамон, дар зарфи 35 соли истиқлоли давлатӣ кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифи намояд ва равобити судманду муваффақ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор созад. Имрӯзҳо Тоҷикстон ҳамчун субъекти фаъолу ташаббускор бо пешниҳодҳои созгору намунавии худ дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад. Ин мавқеъгирии созгори ҷониби Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷии худ, метавонад нуфуз, эҳтиромнамоӣ, ҷалби шарикони стратегӣ ва амали намудани ҳадафҳои стратегии мамлакатро боло барад.
Набизода Эмомалӣ – номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
