Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари омӯзишӣ оид ба дуруст ба роҳ мондани раванди таълим мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда баргузор гардид.
Дар семинар сардори раёсати таҳсилоти донишгоҳ Ашурзода Наим иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими ташкили раванди таълим, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи назорату масъулият дар фаъолияти кафедраҳо андешаронӣ намуд.
Дар кори семинар мудирони кафедраҳо ва муовинони деканони факултетҳо оид ба таълим иштирок карданд.
Зимни семинар масъалаҳои марбут ба бознигарӣ ва такмили нақшаҳои таълимӣ, таъмини кафедраҳо бо барномаҳои таълимии фаннӣ, омӯзиши барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои корӣ ва силлабусҳо аз ҷониби мудирони кафедраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаи таҳияи бонкҳои лексияҳо, коркарди машғулиятҳои амалӣ, озмоишӣ ва КМРО аз ҷониби омӯзгорон, ҷамъбасти соатҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2026–2027 то 12 сентябр ва назорати фаъолияти омӯзгорон ҷиҳати саривақт ба машғулиятҳо ҳозир шудан таъкид гардид.
Дар идомаи семинар ба тарзи дурусти пур намудани журналҳои академӣ, пешниҳоди маводи таълимӣ-методӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшаванда, ҷоннок намудани фаъолияти семинарҳои илмӣ-методӣ ва таҳкими назорати раванди таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳуҷҷатгузории таҷрибаомӯзиҳо бояд мутобиқи талаботи муқарраршуда ба роҳ монда шуда, шартномаҳо миёни ташкилоту муассисаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мунтазам бозбинӣ ва такмил дода шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳими семинар дастрас намудани саволномаҳои тестии фаннӣ ба донишҷӯён, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим, ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ ва онлайнӣ, инчунин таҳлили машғулиятҳои баҳамдигардароӣ буд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ташкил ва баргузории сессияи тобистонаи соли таҳсили 2025–2026, ки аз 10 то 21 сентябри соли 2026 тариқи тестӣ идома меёбад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъулин вазифадор гардиданд, ки омодагӣ ва баргузории сессияро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд.
Дар фарҷоми семинар зарурати таҳия ва тасдиқи нақшаҳои кории мудирон ва коргузорони кафедраҳо, пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати такмили нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда ва тақвияти назорати сифати таълим таъкид гардид.
Семинари мазкур ба баланд бардоштани масъулияти сохторҳои таълимӣ, таъмини иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ба роҳ мондани раванди таълим дар соли таҳсили нав мутобиқ ба талаботи муосир равона гардид.

