Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат – асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” – қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ.
Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид.
Ҳунармандон, устодони санъат ва сарояндаҳои шинохта Рустам Дуллоев, Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, Давлат ва Соҳиб Назрӣ, Комилҷон Зарипов, Тоҷиддин Раҳимзода, Гуласал Пӯлодова, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, Лоиқ Холов, Шоҳин ва Ҷаннатулло Абдуллоевҳо, Ситораи Кароматулло, Абдулхайр Муминов, ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳайётҷон Ҳамрохонов ва Манижа Назарова, Ҳикматулло Анваров, ҳунарпешагони Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Миҷгона Иброҳимова, Ясмина Алидодова, Мадина Ақназарова, Дилноза Каримова, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Фаррух Ҳасанзода ва хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо оҳанги композиторони шинохта ба меҳмонони чорабинии фарҳангӣ сурудҳои дилнишин пешкаш намуданд.
Дар фазои идонаи Варзишгоҳи миллӣ оҳангҳои композиторони шинохта Далер Тиллоев, Файзалӣ Умар, Назира Ҳамдамова, Фарҳод Зикир, Сулаймон Юдаков, Носир Сафарзода, Тобиш Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Фурқат Саидзода, Шавкат Умаров, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло Ҳошимов, Олимҷон Солизода, Искандар Тоҳиров, Зафар Раҳимӣ, Абдулхайр Муминов, Муборакшо Ҷумаев, Убайдулло Иброҳимзода, Насим Раҷабов, Ёқуб Абдуллоев, Муҳаммад Ҷӯраев, Бахтиёр Ҳаитов ва Зайниддин Каримов садо дод.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид.

