Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-071-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимояи рисолаи номзадии Пиризода Дилором Сафар, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар мавзуи “Асосҳои методии рушди шавқм маърифатии хонандагон аз фанни биология дар шароити таълими равиявӣ”, зери роҳбарии Холназаров Санг – доктори илмҳои педагогӣ доир гардид.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.4. Назария ва методикаи таълиму тарбия (5.3.4.5. Назария ва методикаи таълими биология (таҳсилоти миёнаи умумӣ)) пешбинӣ мешавад.
