Имрӯз, 16 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба масъалаи бурсияҳои байниҳукуматӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва масъулони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи бурсияҳои байниҳукуматӣ, имкониятҳои таҳсилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамоҳангсозии корҳои марбут ба интихоби довталабон ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки истифодаи имкониятҳои мавҷудаи таҳсилӣ дар доираи бурсияҳои байниҳукуматӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҷавонон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар аҳамияти муҳим дорад.

