Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи кории шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои тарбиявӣ ва тақвияти ҳамкории масъулони соҳа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ Нурализода Наргис, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Ализода Аҳмадҷон, мушовири ректор, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, созмронҳои ҷамъиятӣ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти тарбиявӣ, аз ҷумла таҳкими интизоми донишҷӯён, баланд бардоштани масъулияти кормандон ва роҳбарони гурӯҳҳои академӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва ҷамъиятӣ, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи миллии тарбия аз 03.03.2006 №94, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.06.2018, №237 миёни омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ, дурӯст ба роҳмондани низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар фаъолияти корӣ, тақвияти фаъолияти кории кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ва дар сатҳи баланд баргузорнамудани дарсҳои тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа барои масъулони дахлдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки фаъолияти тарбиявӣ бояд пайваста, ҳадафманд ва самаранок ба роҳ монда шавад.

