Оне, ки хони шеъру сухан армуғони ӯст,
Ҳар шоире туфайлии дасторхони ӯст.
Хуш бод касби шоирӣ бо номи Рӯдакӣ,
Мо пора-пора бахш намоему нони ӯст.
Қасри сухан, ки то ба фалак сар кашидааст,
Дар зинаи баланди баланд ошёни ӯст.
Ин лафзи қудсие, ки забони малоик аст,
Аслан забони Рӯдакӣ, бешак, забони ӯст.
Садсолаҳост гирди ҷаҳон давр мезанад
Ин корвони шеър, ки ӯ сорбони ӯст.
Мафтуни лафзи мост агар одаму парӣ,
Аз лутфи ҳарфи Рӯдакиву пайравони ӯст.
Мо – шоирон ситораи маънӣ талаб кунем
З-он ҷо, ки шеъри Пири Аҷам осмони ӯст.
Ин гӯшту пусту раг, ки тани поки миллат аст,
Андар паноҳи марҳамати устухони ӯст.
Не тиру не камону на бозуи Рустамӣ,
Асли бақои миллати мо достони ӯст.
Аҳмадов Сафармад, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
