Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир иттилорасонӣ самти муҳими ҷомеаи кунунӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки сокинони сайёра барои дастрас намудани иттилоъ дар фосилаи кӯтоҳ аз ин ё он маълумот бархурдор мегарданд. Дар ин баробар ба даст овардани маълумот боз паҳлуҳои манфии он ба ҷомеа алалхусус ҷавонону наврасон бештар гардидааст, ки доираи ахлоқӣ, таъсири рӯҳиву равонию ҷисмонии онҳо низ бетаъсир нахоҳад монд. Бо ин мақсад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 – уми августи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 105-и шаҳри Душанбе, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо маорифчиён таъкид доштанд: “Ба хондани кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳед. …ҳама гуна иттилоот хусусияти синусолӣ дорад. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин меъёр умуман риоя намегардад ва бо ҳамин сабаб қисми зиёди кӯдакону наврасон, алакай, таҳти таъсири манфии чунин иттилоот қарор гирифтанд”.
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи технологияи муосирро заминаи асосии пешрафт дониста, ба иттилоъи саҳеҳ бояд дастрас бошанд, ибрози назар намуда буданд.
Аммо аз лиҳози дастраси ба иттилоъ наврасону ҷавонон бештар ахбори нозарурро аз сомонаҳои иҷтимоӣ дастрас менамоянд, ки доираи хусусиятҳои гуногуни равони доранд, ки ба шууру равони онҳо таъсири манфии худро мерасонад. Махсусан аз ҷойи ҳодиса интишор намудани наворҳои корбарон ё саҳифаҳои шахсии иҷтимоӣ (фейсбук, Инстаграм, Твиттер “Х”) амсоли инро номбар намудан мумкин аст. Имрӯз контентӣ (ҳаводорон) тоҷикӣ дар сҳифаҳои иҷтимоӣ, таҳқиру туҳмат ё паст здани шахсияти як нафар пур гардида аз як саҳифа ба дигр сҳифа гардиш намуда ҳатто пайвансозӣ ё ба истилоҳи дигар (поделитсия) карда мешавнд. Тааҷубовар он аст, ки имрӯз дар саҳифаҳои “Инстограм” ва “Тик-ток” низ ҳаргуна видеоҳоеро дидан мукинаст, ки бо номи “Зинокор”, “Зинокорро дастгир карданд”, “Ман аз хоб хестам”, даҳҳо мисоли дигар овардан мумкин аст, вале аз лиҳози меъёрҳои ахлоқи наметавонем онҳорро муфасал пешниҳод намоем.
Саҳифае нест, ки чунин наворро во нахуред. Ҳатто либосу корҳои шахсии худро дар “Тик-ток”, “Инстаграм” оммавӣ намуда чӣ мехоста бошанд аз ин амалашон номаълум аст?!
Чунин шеваи иттилорасонии иҷтимоӣ бахусус Инстагараму Тик- ток ҷараён гирад, он рӯз дур нест, ки орзӯҳои кӯдакону наврасон зудуда гардида ба монанди роботи худкорӣ барномарезишуда амал мекунанд. Алакаи бархе аз наврасону ҷвонон ҳавсу орзуҳои худро чун олами маҷозӣ дониста бештар кӯшиш мекунанд, ки шавқу ҳаваси хешро дар ин олам бештар гуфта бошанд.
Метавон ин ҳолатро бемории вобастагӣ номид, ки бемории вобастагӣ аввал аз гирифтани маълумоти зиёди нолозим баъдан ба муътодии олами маҷозӣ оварда мерасонад. Зеро ин ҳолат танзим карда нашавад, оҳиста оҳиста ба оризаҳои калони табобатнашавнди ҷамъиятӣ рӯйи ба рӯй мегардад.
Аз ин ҷост, ки сомонаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои мухобиротӣ ба монанди (вотсап, имо, телеграм, тик- ток)-ро метавон мисол овард. Дар паёмрсонҳо ҳар як нафари онҳо дорои гурӯҳҳои махсуси мухобиротии дастҷамъона буда, гурӯҳҳои ба мисоли гурӯҳи корӣ ва коллективҳои гуногунро дар бар мегиранд, ки ҳадаф расонидани паём ва иттилоот мебошад. Ҳамчунин дар ин гурӯҳҳо наворҳои махфиро ирсол мекунанд, ки он ҳазлу шухиҳояшон ба сомонҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта оммавӣ мегарданд. Аз ҷумла дар “Тик-ток”, ки миёни ҳам пахши зинда (прямой эфир) ном дорад, баромад намуда мушиклоти олиавӣ ва маҳрмияти шахсии ин ё он нафарро дар эфир мавриди оммавии маҷозӣ барраси менамоянд. Ҷолиби диққат боз ин аст, ки ҳангоми ба эфир баромадан бо лаҳну алфози қабеҳ як дигарро хитоб мекунанд, ки ин амали онҳо ба шаъну эътибори миллиямон чандон мувофиқ нест. Миёни омма дашном додан таҳқир намудан худ хилофи қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои паст задану таҳқир намудани шахс тибқи санадҳои ҳуқуқӣ ҷовбагироро дар пай дорад, аммо мутаасифона инро бархе аз истифодабарандагони шабкҳои иҷтимоӣ шояд надоданд. Бо мақсад чанде аз мухобирони саҳифаҳои иҷтимоиро, ки дар саҳифҳои шахсии худ ба таҳқиру таҳдидҳо интишор нмуданд ба ҷавобгарии маъмури ҷалб намуданд, вале ин ҳанӯз ҳам кам аст. Зеро дар тафаккури баъзе аз истифодабарандгон чунин саҳифаҳоро ба журналистон ё блогерон алоқманд медонанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳар як сомонаҳои иҷтимоӣ дорои истифодаи қонунҳои дохили буда, ҳангоми аъзо шудан ё ба қайдгирифтани худ ба он саҳифаҳо барои истифодабарндгон сиёсати сомонавиро пешниҳод менамояд. Дар он чунин ёдовар мешавад, ки бақайдгиранда ба сиёсти ширкат рози аст ё на суол мегузорад? Баъдан чун аъзои дар саҳифаи он ширкат пайваст мегарданд. Пас аз пайваст гардидан ҳаргуна ҳазлҳое,ки аз доираи ахлоқ берун аст дар он саҳифа ҷойи медиҳанд.
Боиси таасуф низ ҳаст, ки бархе аз калонсолони мо низ бо дидани чунин гуфтаву шухиву таҳқирҳои тангназарон ҳамроҳ шуда ҳатто миёни ҳам он наворро мавриди ситоиш қарор медиҳанд. Шояд тафккури мо ба он равона шуда бошд, ки чизҳои сабукро қабул дониста, аз назарҳои орифонаро онқадар хуш надорем.
Барои мисол агар як нафре шеъер ё дубайтие дар саҳифааш ҷой диҳад, ҳеҷ як бинанда намебинад хуб ё кам (лайк) мегирад. Агар рафту сухани фаҳш бошаду хилофи меъёрҳои ахлоқӣ бошад дидану хубгӯиҳои зиёдеро соҳиб мешавад. Ахлоқ ин танзимкунандаи амали инсон маҳсуб ёфта барои муайян намудани манзалати шахси дигар ва арҷ гузоштан ба дигарон миёни ҷомеа равона шудааст. Аз ин рӯ, ахлоқ аз шахс ба ҷамъият таъсир намуда, барои нигоҳдорӣ, танзими муносибат ва касбият тавъамӣ доранд.
Бисёр бад аст, ки истифодабарндагони саҳифаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд бо ҳар шева худро миёни омма шуҳратманд гардонанд, аммо бе хабар аз онанд, ки ба номи миллат иснод оварда чун бефарҳангии худро ба намоиш мегузоранд. Чунин раванди истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ, зеҳни сунъи ҷараён гирад дур нест, ки даҳсолаи баъди бемории зеҳнӣ миёни мардум авҷ мегирад.
Ин мушиклоти сомонаҳои иҷимоиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дарси сулҳ ба маорифчиёни ҷумҳури сахт таъкид намуданд, ки мо бояд насли солиму донишманд ба воя расонем. Ба хурофоту куҳнапарастӣ ва дигар равияҳои тундгароёна роҳ надода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Умед Назаров,
омӯзгори кафедраи рӯзноманигори ДДБ ба номи Носири Хусрав
