Имрӯз дар синфхонаи факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география, дотсент Раупов Ҷамшед дар гурӯҳи 307-уми ихтисоси «География» баргузор гардид.
Дарси кушод аз фанни «Географияи хокшиносӣ» дар шакли машғулияти лексионӣ ва дар мавзуи «Пайдоиши хок ва омилҳои хокофар» гузаронида шуд.
Зимни дарс омӯзгор оид ба роҳҳои пайдоиши хок, омилҳои асосии хокофар, хусусиятҳои ташаккули хок ва нақши омилҳои табиӣ дар ин раванд маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дарс бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯён баргузор гардид.

