Имрӯз дар факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модарон баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ, масъулияти донишҷӯён ва ҳамкории муассисаи таҳсилоти олӣ бо падару модарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи омӯзгорон ва волидон дар назорати раванди таҳсил, баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзии онҳо нақши муҳим дорад.
Падару модарон бо вазъи таҳсил ва иштироки фарзандони худ шинос гардида, андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис таъкид шуд, ки ҳамкории мунтазами факултет бо падару модарон метавонад барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам оварад.

