Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, донишҷӯи курси 3-и факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ Бутакова Мафтуна бори аввал барои иштирок дар барномаи табодули академӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардид.
Бояд зикр намуд, ки донишҷӯи мазкур дар рӯзи якум бо декани факултети гуманитарии иҷтимоӣ ва санъати Донишгоҳи миллии педагогии занонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Сапаров Бахытжан Жолдыбайулы ва муовини ӯ Анитов Султан Абдукадырович вохӯрӣ намуда, оид ба шароити таҳсил ва будубоши он аз наздик шинос шуданд.
Донишгоҳи миллии педагогии занонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар ноҳияи Олмалии шаҳри Алмаато ҷойгир мебошад.
Мақсади асосии ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи байналмилалии таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави академӣ ва касбӣ мебошад.
Иқдоми мазкур зери таваҷҷуҳи пайвастаи Раёсати донишгоҳ қарор дошта, дар назар аст, ки рӯз аз рӯз шумораи иштирокчиёни чунин барномаҳо зиёд карда мешавад.
Показать меньше
