Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти факултет, омӯзгорон ва падару модарони донишҷӯён иштирок намуданд. Зимни маҷлис масъалаҳои вобаста ба раванди таълиму тарбия, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ, муносибати масъулиятнок ба таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгорон ба падару модарон оид ба натиҷаи таҳсил, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳо ва риояи қоидаҳои дохилии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуда, таъкид карданд, ки ҳамкории пайвастаи донишгоҳ ва оила дар тарбияи ҷавонони донишманду масъулиятшинос нақши муҳим дорад.
Падару модарон низ андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуда, барои ҳамкории минбаъда бо омӯзгорон ва роҳбарияти факултет омодагии худро изҳор карданд.
Чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи донишгоҳ бо волидон, беҳтар намудани назорати раванди таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди донишҷӯён заминаи муҳим мегузоранд.

