Иқтисод яке аз бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа буда, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешрафту тараққиёти ҳар як давлату миллат бо ин соҳа иртиботи қавӣ дорад. Аз ин ҷост, ки масъалаҳои иқтисодӣ ва омилҳои марбут ба он дар ҳама давру замонҳо мавриди таваҷҷуҳи на танҳо сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъиятӣ, балки адибону эҷодкорон, қарор гирифтааст.
Метавон гуфт, ки «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ низ, ки яке аз муҳимтарин осори адабиёти классикии форс-тоҷик ва мероси ирфонию ахлоқии ҷаҳонӣ мебошад, аз ин раванд мустасно нест. Аз ин ҷост, ки бо эҷоди «Маснавии маънавӣ»-и худ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба фарҳанги ҷаҳони осори пурарзише ба мерос гузошта, ҳамчун яке аз чеҳраҳои мондагори адабу фарҳанги миллати тоҷик эътироф гардад.
Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии ин асар тарбияи маънавии инсон ва нишон додани роҳи камолоти ботинӣ буда, дар он паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии инсон, аз ҷумла иқтисод, низ инъикос ёфтааст. Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ»-зимни нақли ҳикояҳо ва овардани тамсилҳои гуногун ба масъалаҳое дахл мекунад, ки ба зиндагии иқтисодии ҷомеа ва инсонҳои алоҳида иртибот доранд. :Чунончи, баррасии масълаҳои марбут ба дороиву нодорӣ, молу мулк, сарват, фақр, қарз, эҳсон, саховат, ҳирсу тамаъ ва адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки дар ифода ёфтани андешаҳои иқтисодии Малоно Ҷалолуддини Балхӣ мусоидати комил намудаанд.
Метавон гуфт, ки аз ҷумлаи масъалаҳои асосии иқтисодӣ дар «Маснавии маънавӣ» муносибати инсон ба молу сарват мебошад. Мавлоно, ки ҳамчун як шоири ориф фақру қаноатпешагиро аз хислатҳои муҳимми инсонӣ мешуморад, вале зарурати мол ва эҳтиёҷоти ҷомеаро мутлақан инкор намекунад. Ӯ бештар ба муносибати ботинии инсон ба мол таваҷҷуҳ намуда, харҷ намудани молу дороиро вобаста ба мавқеву манфиати мардум, ободӣ ва дину маънавиёт аз амалҳои шоистаи инсонӣ мешуморад: Чунончи:
Молро, к-аз баҳри дин бошӣ ҳамул,
«Неъма молун солеҳун» хондаш рас ул.
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,
Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.
Зимни таҳлили андешаҳои Мавлоно метавон иддао кард, ки масъалаи фақр дар «Маснавии маънавӣ» танҳо мафҳуми ирфонӣ нест. Масалан, Мавлоно дар баъзе ҳикояҳо чеҳраи воқеии фақр ва мушкилоти зиндагии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои алоҳидаро нишон медиҳад:
Як шаб аъробизане мар шӯйро,
Гуфту аз ҳад бурд гуфтугӯйро.
К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем,
Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох (в)ашем.
Эҳсоси фақр, ҳирс ва тарси камбизоатӣ низ аз масоили мубрами иҷтимоӣ мебошанд, ки мунтазам зеҳну андешаи инсонро ба худ машғул медоранд.
Мавлоно таъкид медорад, ки ин омилҳо, махсусан ҷабру ҷафои фақриву нодорӣ метавонад инсонро пойбанди ҳирсу тамаъ созад. Барои мисол байти зерини маснавиро мушоҳида менамоем:
Нак зи дарвешӣ гурезонанд халқ,
Луқмаи ҳирсу амал з-онанд халқ.
Яке аз муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар асари мазкур тарӯиби саховату адолати иҷтимоӣ мебошад. Мавлоно саховатмандиро тавсиф намуда, онро ҳамчун воситаи кӯмак ба дигарон ва беҳтар намудани вазъи ҷомеа пешниҳод мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки агар инсон дар роҳи ҳаққу хайр хароҷоту бахшише намояд, аҷри он албатта ба худи ӯ бармегардад:
Он дирам додан сахиро лоиқ аст,
Ҷон супурдан худ сахои ошиқ аст.
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд,
Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд.
Мавлоно дар тасвири ҳокими саховатманд робитаи адолат, эҳсон ва коҳиши эҳтиёҷотро нишон медиҳад. Бо овардани нақлу ҳикояҳо доир ба ҳокимону ашхоси саховатманд, Мавлоно таъкид менамояд, ки ба василаи адолату саховатмандӣ онҳо метавонанд пояи давлату ҳукумати худро устувор дошта, фақру камбизоатиро аз миёни аҳолӣ бартараф созанд ва номи худро ба накуӣ интишор диҳанд:
Як халифа буд дар айёми пеш,
Карда Ҳотамро ғуломи ҷуди хеш.
Рояти икрому дод афрошта,
Фақру ҳоҷат аз ҷаҳон бардошта.
Масъалаи закоти мол ва гардиши иҷтимоии сарват низ аз ҷумлаи масоиле мебошад, ки ба вазъи иқтисодии ҷомеа таъсири чашмрас дорад. Масъалаи закот дар «Маснавии маънавӣ» бо мафҳуми баракат ва истифодаи иҷтимоии мол алоқаманд аст. Мавлоно қайд мекунад, ки харҷи закот дар баробари гузоштани намоз барои ҳар як мусулмон фарз буда, боиси ҳифозати молу дороӣ ва исмату имони инсон аст:
Ҷӯшишу афзунии зар дар закот,
Исмат аз фаҳшову мункар дар салот.
Он закотат кисаатро посбон,
В-он салотат ҳам зи гургонат шубон.
Аз дидгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ масъалаи иқтисод бо масоили адолати иҷтимоӣ пайванди танготанге дорад. Зимни мутолиа ва мушоҳидаи матолиби асари мазкур маълум мегардад, ки дар ҷаҳонбинии Мавлоно мафҳуми адолати иҷтимоӣ ва риояти он ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ адолатро бо харҷи дуруст ва муносиби неъматҳои моддӣ пайванд дода, таъкид менамояд, ки зулм ва харҷи ноҷо боиси касодӣ ва хории ҷомеа мегардад:
Адл чӣ бвад? Об деҳ ашҷорро,
Зулм чӣ бвад? Об додан хорро
Адл вазъи неъмате дар мавзиъаш,
На ба ҳар бехе, ки бошад обкаш.
Аз масоили дигари мубрам ва марбут ба авзои ҷомеа, ин масъалаи қарз ва мушкилоти иқтисодии инсон аст, ки аз чашми дақиқназари Мавлоно фуругузор нагардидааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар маснавӣ ҳикоятҳои гуногунро мушоҳида намудан мумкин аст. Дар аксари ҳикоятҳо қарздорӣ ҳамчун ҳолате тасвир мешавад, ки метавонад боиси кудурати зиндагии инсон гардида, ба ӯ фишори равонӣ ва иҷтимоӣ ворид кунад. Барои мисол метавон байти зерини маснавиро намуна овард:
Вом кардам нуҳ ҳазор аз зар газоф,
Ту куҷоӣ, то шавад ин дурд соф.
Дар андешаи Мавлоно меҳнатқаринӣ ва саъю талоши инсон ҳамчун омили таъмини зиндагии шоистаи ҷомеаи башарӣ қадр мегардад. Ӯ инсонро ба кӯшиш ва фаъолият тарғибу ташвиқ намуда, таъкид месозад, ки инсон бояд барои ба ба даст овардани хостаҳои худ ҷаҳду талош намуда, дар ҳар умури хайр саховатмандона амал намояд. Аз ин нуқтаи назар, муносибати ӯро доир ба вазъи иқтисодии ҷомеа метавон бар пояи се мафҳум: меҳнат, мол ва масъулияти харҷи бамавриди он ҷамъбаст кард.
Таҳлили ҳикоёт ва абёти «Маснавии маънавӣ» далолат бар он менамояд, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар ҷаҳонбинии Ҷалолуддини Балхӣ бо масъалаҳои ахлоқӣ ва маънавӣ пайванди амиқ доранд. Мавлоно ба молу сарватмандии инсон тавҷҷуҳе надошта, балки бештар ба муносибати инсон ба сарват ва роҳҳои даромаду харҷи он диққат медиҳад. Фақирии ҷомеа, чи моддӣ чи маънавӣ, аз дидгоҳи Мавлоно ҳамчун мушкилоти воқеии зиндагӣ тасвир шуда, саховатмандӣ ва хайру эҳсон ҳамчун роҳҳои дастгирии ниёзмандон ва заминаи таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ нишон дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, Мавлоно дар барбари инъикоси масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ дар «Маснавии маънавӣ» масоили марбут ба иқтисоди ҷомеаро низ матраҳ намудааст. Мавлоно инсонро ба меҳнат, қаноат, саховат, адолат ва муносибати масъулона ба мол даъват менамояд. Аз ин ҷиҳат, омузиши масъалаҳои иқтисодӣ дар ин асар барои дарки амиқи ҷаҳонбинии иҷтимоии адиб мусоидат менамояд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
