Дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Соҳаи сайёҳӣ ва афзалиятҳои он дар рушди иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Фирдавс Нориён, сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуда, вобаста ба нақши соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ, таърихию фарҳангӣ буда, рушди сайёҳӣ метавонад дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва муаррифии имкониятҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.
Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид карданд, ки барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар миёни иштирокчиён суҳбати озод сурат гирифта, оид ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

