Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои муҳими марбут ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва масъулияти донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони сохторҳои донишгоҳ оид ба дастовардҳо ва мушкилоти таълимии донишҷӯён маълумот пешниҳод намуда, падару модаронро ба ҳамкории бештар бо омӯзгорон ва роҳбарияти факултет даъват карданд.

