Дар озмоишгоҳи зоология ва ботаникаи Мавзеи таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси биология-экология машғулиятҳои озмоишӣ баргузор гардид.
Машғулиятҳо бо мақсади таҳкими донишҳои назариявӣ, баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ва шинос намудани донишҷӯён бо усулҳои муосири омӯзиш ва таҳқиқоти биологӣ ташкил карда шуданд.
Зимни машғулият донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорон бо сохтор ва фаъолияти озмоишгоҳ, таҷҳизоти мавҷуда ва тарзи истифодаи асбобҳои озмоишӣ шинос гардида, корҳои амалиро иҷро намуданд.
Дар рафти машғулият ба риояи қоидаҳои бехатарӣ, дуруст истифода бурдани таҷҳизоти озмоишӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ ва таҳлили натиҷаҳои бадастомада таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Мавзеи таълимию таҷрибавии донишгоҳ ҳамчун заминаи муҳими таълимӣ барои гузаронидани корҳои лабораторӣ, таҷрибавӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён хизмат намуда, дар баланд бардоштани сифати омодагии мутахассисони соҳаи биология ва экология нақши муҳим дорад.

