Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ пайваста маҳорати донишандӯзӣ ва қобилияти баланди худро нишон медиҳанд.
Яке аз чунин дастовардҳо ба донишҷӯ Самандарова Дилноза тааллуқ дорад. Ӯ барои дониши амиқ, маҳорати баланди забондонӣ, баёни озоду фасеҳ ва нишон додани натиҷаи хуб дар озмуни байналмилалӣ бо Дипломи дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Ин дастовард аз сатҳи баланди омодагии донишҷӯ, шавқу рағбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъоли ҷавонони донишгоҳ дар чорабиниҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
