Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Рӯзи забони давлатӣ – ҷашни муқаддаси миллӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён доир ба «Нақши забон дар таҳкими давлатдорӣ», «Забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он», «Забон ва худшиносии миллӣ», «Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол», «Забони модарӣ – ганҷи бебаҳо», «Забон – оинаи фарҳанги миллат» ва «Эҳтиром ба забони модарӣ – эҳтиром ба миллат» маърӯзаҳо ироа гардида, андешаҳои судманд баён шуданд.
Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳифз ва рушди забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба забони модарӣ ва истифодаи дурусти он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид шуд, ки эҳтиром ба забони модарӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат буда, ҳар як насли ҷомеа бояд барои покизагӣ, рушди минбаъда ва мақоми шоистаи забони тоҷикӣ саҳми худро гузорад.

