3 октябри соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмӣ ва роҳбарӣ муваффақиятҳо орзу намуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид намуд, ки таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои пешрафти илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани насли соҳибмаърифату соҳибкасб тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки ҳар як роҳбар ва масъули соҳаи маориф бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касбу вазифа ва дарки амиқи рисолати худ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро рушди соҳаи маориф ва сатҳи омодагии мутахассисон бевосита ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа ва ояндаи давлат вобастагии амиқ дорад.
Вазир зикр намуд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд минбаъд низ тамоми иқтидор ва имкониятҳои мавҷударо барои такмили фаъолияти муассисаҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илми соҳавӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзии ҷавонон сафарбар намоянд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯз дар назди ҳар як корманди соҳаи маориф, аз ҷумла, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазифаи муҳим, бо меҳнати софдилона, фаъолияти самаранок ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамовардаи давлат дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми муносиб гузоштан қарор дорад. Ҳар як дастоварди омӯзгор, олим, донишҷӯ ва хатмкардаи муассисаи таҳсилоти олӣ метавонад ба муаррифии бештари Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибмаърифат, дорои неруи зеҳнии қавӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади қадрдонӣ аз фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар роҳпаймоии осоишта, ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ КИШВАР ВА ҚАДРДОНИИ ОНҲО ДАР АРАФАИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

