Имрӯз дар кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедра Хайрзода Фирдавс Ашуралӣ баргузор гардид.
Рисола дар мавзуи «Такмилдиҳии механизми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишоварзии Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Хатлон)» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ашуров Ихтиёр Саидович омода гардидааст.

