Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсозии ҷомеа, алалхусус забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ ба маротиб зиёд мегардад. Бо назардошти ин масъала, Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ пайваста чораандешӣ мекунад.
Дар тули таърих миллати тоҷик ва забони ӯ ба сахттарин муқобилияти аҷнабиён ва душманони дохилӣ рӯ ба рӯ гардид, вале аз ин набардҳо солим, бегазанд ва пурқувват бадар омад. Ин омил имкон дод, ки миллати тоҷик дар дарозои таърих зинда монад, рушд намояд ва дубора эҳё шавад.
Чархи таърих собит намуд, ки забон василаи таҳкими ҳувияти миллист, зеро шахсе ки асолати худро мешиносад, аз Ватан ва муқаддасоти миллӣ ифтихор мекунад, худшинос ва худогоҳ мегардад. Яъне, забон қисми таркибии ҳуввияти миллӣ буда, воситаи заминасоз барои падидории ифтихори миллӣ дар замири ҳамватанон аст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо-Тоҷикистон барои рушду нумуи забон аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шуд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 далели таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат тавонист, ки бо ташаббусҳои шахсӣ тавассути Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мақом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузорад. Донистан ва дар фаъолияти расмии давлатдорӣ, муносиботи байналхалқӣ афзалият бахшидан ба забонро аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард.
Агарчӣ забони тоҷикӣ дар тули таърихи ҳазорсола имтиҳони даҳшатбори ҳастиро сарбаландона гузашта зинда монда бошад ҳам, вале маҳз дар замони сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон ба манзалати фарогиру устуворе соҳиб гардид.
Имрӯз омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушду фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоянд, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш намуда, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баланд бардоранд.
Ҳар фард, алалхусус омӯзгорони муҳтарами мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимони забоншинос пешбинӣ нашудааст, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани шогирдон ва дар умум тамоми мардум буда, бояд ба ҳама дастрасу фаҳмо бошад.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки дар замони муосир ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ бояд се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро омӯзанд, зеро талаботи давр ҳамин аст.
Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд.
Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, устодон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.
Дар фазои сиёсии пуртазоди ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дорад, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад. Забони давлатӣ, ки аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, дар пойдорӣ ва суботи давлатӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлатдорӣ эълон намудааст.
Итминон дорем, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни мо ҳамчун соҳибзабонони асил ҳифзи забони давлатиро дар назди наслҳои фардо масъулияти ҳамешагии худ шуморида, онро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ мекунанд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода мебаранд.
Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии ҳар яки мост, ки забони модариамонро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем.
Дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору садоқат тамоми шумо устодону донишҷӯёнро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди соҳибватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳоро таманно менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!
