Забони модарӣ сарчашмаест,ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.
Эмомалӣ РаҳмонБарои мо тоҷикон забони модариамон тоҷикӣ аст. Бо ин забон ҳоло на танҳо барандагони бевоситаи он, балки ашхоси мухталиф аз рӯйи эҳтирому арҷгузорӣ аз шахсиятҳои фарҳангии миллатамон гап мезананд. Ҳар як фарди худогоҳ забони модариашро дӯст медорад ва пайваста дар ҷодаи такмилу сайқал додани шеваи баёни фикри худ аст. Ҳангоми шунидану хондани каломи носаҳеҳ ӯ аксар вақт ранҷидахотир мешавад ва кӯшиши аз ин иштибоҳу ғалат ислоҳ намудани онҳоро мекунад.
Шахс агар нозукиҳои забони модарии худро ҳар чи қадар амиқтар дарк намояду тобишҳои гуногуни забони худро беҳтар эҳсос кунад, ба азхудкунии забонҳои халқҳои дигар бештар омода хоҳад гардид ва қалби ӯ зебоии суханро бештар дарк хоҳад намуд.Чуноне гуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Аммо, агар шахс забони модарии худро аз бар накунад,нафосати онро эҳсос нанамояд,он боигарие, ки дар ганҷинаи забонҳои халқҳои дигар маҳфузанд,барои ӯ дастнорас хоҳад монд. Забони ҳар як халқ барояш азиз аст, ҳар як калимаю иборааш барояш шево ва хушоҳанг садо медиҳад. Забони тоҷикии мо низ яке аз қадимтарин, хушоҳангтарин ва бузургтарин забонҳои дунё аст. Лафзи ширину гуворои тоҷикӣ бо шири сафеди модар ва бо суруди аллаи руҳбахши модар ба ҷисми мо дохил шуда,онро қавӣ гардондааст, аз ин рӯ то ҷон дар бадан дорем, онро поку беолоиш бояд нигоҳ дорем.
Танҳо қудрати забон буд, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино асосгузори илми тибби ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид, Нютон қонунҳои ҷозибаи умумиҷаҳониро кашф намуд ва Менделеев кашшофи системаи даврии элементҳои кимиёвӣ гардид.
Забони тоҷикии мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Пушида нест,ки борҳо бо мақсади аз байн бурдани забони форсӣ-тоҷикӣ аз тарафи аҷнабиён, бахусус арабҳо, муғулҳо ва туркҳо ба сарзамини аҷдодии мо – Осиёи Миёна фишор оварданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин забони мо асолати худро аз даст надод, баръакс рушду такомул ёфт.
Чунон ки Президенти кишварамон қайд мекунанд: «Забони тоҷикӣ дар иҳотаи забонҳои дигар омузишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ омили муттаҳидгарди халқ будани он ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам оварда буд».
Муаррихон аҳди Сомониёнро даврони ташаккули халқи тоҷик ва асри тиллоии илму фарҳанги ӯ номидаанд,ки ин бесабаб нест.Дар ин давра нобиғаҳои бузурги мо аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигарон бо ин забон асарҳои оламшумули худро таълиф намудаанд, ки барои то замони мо бегазанд омада расидани забони тоҷикӣ хизмати ин абармардон басо бузург аст.
Хушбахтона, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо масъалаи забон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини давлатӣ маҳсуб меёбад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 1996 дар рӯзи Ҷашни забон сиёсати давлатро нисбат ба масъалаи забон бо чунин суханон ифода карда буд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст,ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Дар ҳақиқат, забон рукни асосии миллат, нишони миллат, ҳастии миллат ва пояи миллат аст. Вазифаи асосӣ ва ҷонии ҳар яки мо, тоҷикон, дар покиза нигоҳ доштан ва ҳамчун гавараки чашм ҳифз намудани забони модарӣ мебошад:
Дӯст медорам туро, то ҷон дорад пайкарам,
Беҳтарин ганҷинаам, эй забони модарам.
Каримова Хуҷабӣ,
дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Носири Хусрав
