Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси кафедраи рӯзноманигорӣ маҳфили «Рӯзноманигорони ҷавон» баргузор гардид.
Дар кори маҳфил Шоҳзода Гулнора Амриддин, номзади илмҳои филологӣ, намояндагони кафедраи забон ва адабиёт, инчунин мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Муродов Алишер ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Маҳфили мазкур ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳтироми ҷавонон ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ ва рушди маҳорати суханварӣ ва эҷодии донишҷӯён буд.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи кафедраи рӯзноманигорӣ Назаров Умед оғоз намуда, оид ба аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва нақши рӯзноманигор дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ андешаронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар доираи барнома ду ролики омоданамудаи аъзои маҳфил намоиш дода шуд, ки ба забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи он дар ҷомеа ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бахшида шуда буданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани завқи эҷодӣ, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи забон, адабиёт ва фаъолияти журналистӣ ҳидоят менамояд.
Дар фарҷоми маҳфил ба иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос карда шуд.

