
Аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар як миллат забони ӯ мебошад, чунки баробари пайдоиши ҷомеаи инсонӣ забон низ пайдо шуду чун унсури пурарзиш миёни одамон пазируфта шуда, ҳамзамон рушд мекунад. Аз замони дури таърихӣ забон воситаи асосии муколама ва гуфтугӯйи тамаддуну фарҳангҳо хизмат намуда меояд. Забони тоҷикӣ низ таъриху тамаддуни тулонӣ дошта, ба воситаи он беҳтарин осори бунёдии донишмандону суханварони гузаштаву муосир таълиф ёфтааст, ки ин осор дар рушди тамаддуни мо то ҳол таъсиргузор мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони Истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷиллои тоза идома бахшида истодааст. Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тули зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст».
Мо дар давраи соҳибистиқлолӣ шоҳиди рушду густариши забони тоҷикӣ гардидем, ки давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри инкишофи он чӣ гуна тадбирҳои муҳимму заруриро роҳандозӣ намудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳар як давлат ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳамаҷониба қарор медиҳад. Забони тоҷикӣ – забони давлатдорию расмии Тоҷикистони ободу озод ва соҳибистиқлол мебошад, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду инкифош ва пойбарҷо будани забони тоҷикӣ пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин иқдом ва таваҷҷуҳи шоиста давра ба давра амалӣ гардида истодааст. Масалан, эҳтироми беандоза ба забони тоҷикӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ифода меёбад, ки ин ҳама далели эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикист.
Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» муайян ва амалӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд забони тоҷикиро хуб донем ва дурусту беғалат суҳбат карда тавонем, муҳим аз ҳама ба он арҷ гузорем ва дар ин маврид дигар забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро низ аз худ намоем.
Бо муносибати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, асари мондагори Сарвари давлат “Забони миллат – ҳастии миллат” таълиф гардид, ки ба бештар муаммоҳои баҳсноки забони тоҷикӣ ва таърихи таҳаввули он равшани меандозад. Ин асари мондагори Сарвари давлат ба масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ нигаронида шудааст.
Эҳтиром гузоштан ба забони тоҷикӣ, тозагии забон, риояи меъёрҳои забон, ҷойгоҳ ва мақоми забон ва ҷаҳонишавии забони тоҷикӣ аз назари Пешвои миллат дур намонда, ҳамеша дар Созмони Миллаи Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ суҳбат кардану оламиёнро бори дигар ба фораму дилнишин будани забони тоҷикӣ огоҳонид. Бо ин забони нобу шевои тоҷикӣ дар анҷуману симпозимҳо, маҷлису нишастҳо, ҳамоишҳои байналмилалӣ аз минбарҳои баланд соҳибзабононаш сухан мегӯянд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳони муосир бархӯрди тамаддун ва фарҳангҳо мебошад, ки бешубҳа ба мавҷудияти забони миллату қавмҳо таъсири амиқ мерасонад. Маҳз дар ин марҳилаҳои таърихӣ зарур аст, ки мо роҳу усулҳои таҳкими забони тоҷикиро пайдо намуда, баҳри ҳифзи асолати он тадбирандешиҳо намоем. Дар раванди ҷаҳонишавӣ чунин ибрози андеша намуда, таъкид кардааст: “Дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва бархурди тамадуну фарҳангҳо ҳифзи забони тоҷикӣ аз муҳимтарин унсурҳои муаррифгари миллат ба ҳисоб меравад”.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ рушду инкишоф ёфт, тамоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ роҳандозӣ гардида, давраи нави рушди забон муҳайё гардид. Метавон гуфт, ки маҳз Истиқлол ва суботи комил ба рушди забони тоҷикӣ замина гузошт. Борҳо ба ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намуда зикр кардаанд, ки: “Истиқлол бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст”.
Хулоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пуштибони забони нобу шевои тоҷикӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатдорӣ барои ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ доимо дар талош мебошанд.
Назаров Меҳрубон, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
